Масоили рушди ҳамкорӣ дар бахши иқтисодиёт баррасӣ мешавад
Душанбе, 26.10.15. (АМИТ «Ховар»). — 30 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои Сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Тавре ки дар дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд, иштирокдорони ҷаласа масоили марбут ба рушди ҳамкорӣ дар бахши иқтисодиёт, аз ҷумла татбиқи Шартнома дар бораи минтақаи тиҷорати озод, фаъолияти мақомоти соҳавӣ дар бахши иқтисодиёт, иқдомот ҷиҳати татбиқи марҳалаи сеюми Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ, масоили ҳамкорӣ дар бахши навоварӣ, рақобати бозорҳои амвол, мухобираи барқӣ, энергетика ва бозори қоғазҳои қиматбаҳоро мавриди мухоқима қарор медиҳанд.
Ғайр аз ин, сарони ҳукуматҳо ҳуҷҷатҳои тарғибкунандаи ҳамкорӣ дар бахши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҳамкории байналмилалии ҷавонон, таҳсилот, ёрии тиббию иҷтимоӣ ба собиқадорон, ҷилавгирӣ ва рафъи оқибати ҳолатҳои фавқулодда ва бехатариро баррасӣ менамоянд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






