«Mercedes-Benz»-ро кӣ дуздид?

Октябрь 20, 2015 05:07

Душанбе, 20.10. 2015 (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз сокини 23-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба шуъбаи корҳои дохилӣ бо ариза дар хусуси аз назди ҳавлии истиқоматиаш ғайриқонунӣ бурда шудани мошини шахсии тамғаи “Mercedes-Benz-212” муроҷиат кард. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 47-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки пеш бо моддаи 111 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, дастгир  шуд. 
Нисбат ба ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Октябрь 20, 2015 05:07

Хабарҳои дигари ин бахш