“Мо Ватанро беш аз ҳарвақта дорем дӯсттар”- Муроҷиатномаи донишҷӯёни ДМТ ба ҷавонони бо ору номус ва ватанпарасти кишвар

Октябрь 30, 2015 07:25

Душанбе, 30.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҳамдиёрони азиз!
Мардуми азизи кишвар давраи хеле мураккаб ва сарнавиштсози бунёди давлатдории миллии хеш ва ҷомеаи мутамаддини ҳуқуқбунёду демократиро аз сар гузаронда истодаанд. Ин давраи муҳим аз ҳар як ҷавони бо ору номуси тоҷик тақозо дорад, ки худро дар канор нагирифта, дар раванди бунёди ин ҷомеа ва давлатдорӣ фаъолона иштирок намоянд. Мо, донишҷӯёни факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қарзи ватандӯстӣ ва шаҳрвандии худ донистем, ки ба шумо, ҳамсолони азиз муроҷиат намоем. 
Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ Тоҷикистони моро ба маҷрои худ кашида, дар баробари имтиёзоту имконоти зиёд ба мушкилоти зиёди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ кард. Дар ин маҷрои пурталотум ва шароити муборизаи абарқудратҳо барои ҳокимият бар мафкураи инсонӣ на ҳама кишварҳо истодагарӣ карда метавонанд. Вале Тоҷикистон тавассути сиёсати пайгиронаи мутавозин ва санҷидашудаи Роҳбар ва пешвои худ дар ин маҷро устуворона пеш рафта, манфиатҳои миллии худро собитқадамона ҳифз карда истодааст. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо дарёфти соҳибихтиёрӣ бо сарварии пешвои хеш — Эмомалӣ Раҳмон роҳи воқеии пешрафтро устуворона пеш гирифтааст ва бо ин роҳ  собитқадамона пеш меравад.  Мо, ҷавонони тоҷик, ки ояндаи сарнавишти миллати азизамон ба дӯши мо гузошта мешавад, аз сиёсати дохиливу хориҷии Сарвари давлатамон ҳамаҷониба ҷонибдорӣ менамоем ва бояд дар татбиқи он саҳми худро гузорем. 
Ҳамсолони азиз! 
Воқеаҳои нангини моҳи сентябри соли ҷорӣ-бахусус исёни генерали аҳриманнажод Назарзода ва думравони ӯ, ки бо дастгирии молиявию сиёсии дастандаркорони дохиливу хориҷиашон дар симои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон  ва хадамоти махсуси чанд кишвари хориҷӣ даст ба бузургтарин муқаддасоти мо — истиқлолият ва якпорчагии Ватани азизамон заданд, бори дигар нишон дод, ки ҳеҷ  неруе наметавонад ҷомеаи моро аз роҳи интихобкардааш берун барад ва зиндагии осудаву ороми моро халалдор созад.  Ин воқеа нишон дод, ки мардуми тоҷик метавонад дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз  чун яктану якдил  ба дифои сохтори ҷомеаи бунёдкардааш бархезад ва ҳама гуна қасду ниятҳои нопокро решакан намояд.  
Ҳамзамон ин воқеа нишон дод, ки ҳоло ҳам дар байни мо нафароне ҳастанд, ки куштору талафоти ҷониву моддии миллати тоҷикро  бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз ёд бурдаанд ва бо ваъдаву тарғиботи авомфиребонаи худ баъзе ҷавонони гумроҳи моро аз қафои худ мебаранд.  Онҳо пуштаву талу теппаҳои пур аз ҷасадҳои ҷавонони бегуноҳро аллакай фаромӯш кардаанд. Онҳо фаромӯш кардаанд, ки он рӯзҳои мудҳиш фиғони ҷонкоҳи модари тоҷик ба фалак мерасид, ки мегуфт: “Мири бозӣ, чашмҳои бастаи моро кушо!  Мурдаи тоҷик  дар саҳро бӯ гирифт.”  Ҳайҳот, ки хотираи одамони нотавонбину кӯрдил ва бехираду ҷоҳил кӯтоҳ аст. 
Ҳамсолони азиз!  Худованд инсонро як бор ҳаёт мебахшад ва мо бояд онро тавре ба сар барем, ки аз кардаи худ пушаймон набошем ва ҳангоми падруд гуфтан  ифтихор дошта бошем, ки умри азизи хешро сарфи бунёдкориву созандагӣ дар роҳи пешрафти ватани азизамон  ва хидмат баҳри миллат, диёр, падару модар ва бародару хоҳари хеш кардаем.  
Мо, ҷавонони боҳуши кишвар дарк менамоем, ки албатта, мушкилиҳои зиёде дорем. Вале ин мушкилиҳо муваққатианд ва мо ҳақ надорем аз пушти ин мушкилиҳои ночиз, ки дар назди бузургтарин дастоварди мо — истиқлолияту ваҳдати миллатамон ҳеҷанд,  даст ба силоҳ барем,  тарки ин ватан кунем, рў ба кишвари бегона орем ва умри азизи худро пушти чанбаракҳои мошинҳои ҷангӣ, хандақҳои сарди  сарзаминҳои бегона, ки бо иғвои чанд нафари ҷаҳонсӯз ва аҳриманннажод, аз қабили давлати номниҳоди “исломии Ироқу Шом” ва ҷунбишҳое, чун “Толибон ” ва амсоли инҳо эҷод мешаванд, хазон намоем.   Пас, биёед нагузорем, ки бародарону хоҳарони ҳамсоли мо гирифтори ҳар гуна андешаҳои ифротии бегона ва заҳролуд шаванд. Биёед барои тақдири ҳар як ҷавони ватани хеш мубориза барем, онҳоро танҳо, дар канор нагузорем, тарбия намоем ва кумак расонем. Ин қарзи ватандориву имондории ҳар як ҷавони соҳибдили ватани мост. 
Бародарону хоҳарони азиз! Ватан як аст!                                                        
Мо дигар ватан надорем ва ояндаи он, якпорчагӣ ва зимоми онро ба дасти бегонагон супориданӣ ҳам нестем!  
Муроҷиатнома дар маҷлиси якҷояи Созмони ҷавонон, Иттифоқи касаба ва Шӯрои духтарони факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ 24 октябри соли 2015 қабул шудааст. 

 

Октябрь 30, 2015 07:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид