Муҳокимаи масъалаҳои зарурат ва талабот ба кумаки техникӣ дар БМТ
Душанбе, 07.10.2015 (АМИТ Ховар).-Муҳокимаи масъалаҳои зарурат ва талабот ба кумаки техникӣ, дастгирии таҳлилии низоми бонкӣ барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои ислоҳотӣ 6 октябри соли ҷорӣ дар мулоқоте, ки муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нуралиев бо ҳайати бахши иқтисодии Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии мудири Амалияи глобалӣ оид ба макроиқтисодӣ ва идораи фискалӣ дар мамлакатҳои Осиёи марказӣ, Қафқоз, Русия ва Ҳавзаи Қариб хонум Мириа Пигато баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷ.Нуралиев аъзои ҳайати намояндагии Бонки ҷаҳониро бо вазъи феълии макроиқтисодии ҷумҳурӣ, буҷети ҷумҳурӣ, таваррум, дастовардҳо дар низоми бонкии кишвар, гузаронидани ислоҳоти сохторӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ошно намуд. Номбурда изҳор дошт, ки дар тӯли 3-5 соли охир иқтисодиёти Тоҷикистон бо суръати чашмрас пеш рафт, буҷети давлатӣ чанд маротиба зиёд шуда, сатҳи таваррум дар ҳашт моҳи соли равон ҳамагӣ 3,2 фоизро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 банди фоизӣ паст аст. “Албатта, чун дар дигар давлатҳои ҷаҳон бар асари фишори буҳрони молиявию иқтисодӣ дар ҷумҳурии мо, бахусус дар низоми бонкии кишвар баъзе мушкилот ба миён омадаанд ва барои рафъи онҳо моро зарур аст, ки кумаку дастгириҳои техникиро ҷалб намоем”,-зикр намуд Ҷ.Нуралиев.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти БМТ иттилоъ доданд, роҳбари ҳайати намояндагии Бонки ҷаҳонӣ хонум Мириа Пигато изҳор дошт, ки мақсади ташрифи мо ҳам ба Тоҷикистон омӯхтани масъалаю мушкилоти мавҷуда, муайян намудани шартҳои зарурӣ барои пешниҳоди ёрӣ ва ташаккул додани сиёсати дастгирӣ ва кумаки техникӣ ва бо ин васила таъмин намудани пешрафт дар иқтисодиёт мебошад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳамкории муфид ва судманд метавонанд аз тариқи барномаҳои алоҳидаи Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии буҷети давлатӣ, дастгирии қурби пули миллӣ ва бахши бонкӣ ба роҳ монда шаванд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо иброз доштанд, ки масъалаҳои мушаххас оид ба ҳамкории тарафайн дар мулоқоти минбаъда бо ҳайати навбатии Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор хоҳанд гирифт.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






