Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Масару Хонма ва Ричард Ҷонс
Душанбе, 14.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- 13 октябр муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон, мудири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд Ҷамолиддин Нуралиев бо директори Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Масару Хонма, ки рӯзи гузашта барои иштирок дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе — 2015 Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор ба ҷумҳурии мо омадааст, мулоқоти корӣ анҷом дод. Дар мулоқот ҳамчунин роҳбари Намояндагии доимии Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд дар Тоҷикистон Ричард Ҷонс иштирок намуд.
Тибқи иттилои БМТ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои рушди бахши молиявии ҷумҳурӣ, аз ҷумла мушкилоти ҷорӣ ва имкониятҳои мавҷуда, ҳамчунин стратегияи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба таҳкими бонк мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Масару Хонма дар оғози мулоқот ба роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкории зич дар самти инкишофи муносибатҳои дуҷонибаи судманд бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд миннатдории хешро баён намуд. Номбурда иброз дошт, ки зарур медонад як хабари хушро ба аҳли нишаст расонад. Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд то охири соли равон ҳаҷми сармоягузории худро дар Тоҷикистон то 200 млн. долл. ИМА мерасонад, ҳол он ки солҳои пеш ин нишондиҳанда танҳо аз 20 то 40 млн. долл. ИМА-ро ташкил медод. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки фаъолияти бонки мо дар Тоҷикистон хеле ҷоннок шуда истодааст, гуфт Масару Хонма. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд дар ихтиёри худ захираҳои зиёди молиявии озод дорад ва омодааст бо тамоми бонкҳои ҷумҳурӣ ҳамкории дуҷонибаро ба роҳ монда, онҳоро дастгирӣ намояд.
Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев изҳор дошт, ки бахши бонкӣ аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, бинобар ин, мо, тими нави бонк вазифадорем тамоми чораю воситаҳоро андешем, то ки имсол ва соли оянда аксари соҳаҳои иқисодиёт рушд намоянд. Номбурда изҳор дошт, ки имсол дороиҳои ташкилоти қарзӣ то 18 млрд. сомонӣ, уҳдадориҳои онҳо то 15 млрд. сомонӣ, пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо то 8,5 млрд сомонӣ зиёд шуданд, сатҳи таваррум дар нуҳ моҳи соли равон ҳамагӣ 3,6 фоизро ташкил дод, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта хеле паст аст. Мо аз сатҳи ҳамкории Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд бо соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар, дастгирии он қаноатмандем, фақат пешниҳод дорем, ки бонки номбурда дар ояндаи наздик ҳамчунин бо бахши бонкӣ ҳамкории дуҷонибаи судмандро ба роҳ монад.
Дар идомаи суҳбат меҳмонон таъкид намуданд, ки роҳбарияти Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд аллакай тасмим гирифтааст ва моҳи оянда як ҳайати нави намояндагии бонк барои музокирот ба Душанбе меояд ва масъалаи пешниҳоди кумаки техникӣ ва қарзро ба бахши бонкӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






