Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай
Душанбе, 22.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзайро, ки бо сафари дӯстона ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба рушду густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамсоягии накуи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд.
Зимни суҳбати дӯстона доир ба мавзӯъҳои гуногуни вобаста ба муносиботи ду давлати ҳамсоя ва мардумони ҳамфарҳанги онҳо, авзои кунунӣ ва дурнамои Афғонистон ва таъсири он ба минтақа ва ҳамчунин атрофи масоили дигари минтақавию ҷаҳонӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Тавре таъкид гардид, барои ҳифзи суботу оромӣ дар минтақа, тарғиби фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва пешгирӣ аз амалҳои номатлуби ҷомеа чун терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ҳамаи имкону захираҳои мавҷуда фаъолона истифода бояд бурд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






