Мулоқоти кормандони Прокуратураи вилояти Суғд бо сокинон
Душанбе, 09.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар ҷамоати деҳоти Ҳамробоеви шаҳри Конибодом мулоқоти кормандони Прокуратураи вилояти Суғд бо сокинони ин ҷамоат ва ҷамоати деҳоти ба номи Э. Шарипов доир шуд.
Мавзӯи мулоқот “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ” буд. Корманди Прокуратураи вилояти Суғд, сардори шуъбаи назорати умумӣ Зайниддинзода Амирҷон оид ба зуҳуроти номатлуби ҷомеа, содир гардидани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ аз ҷониби бархе ҷавонони ноогоҳ маълумот дод.
Чунин мулоқот дар ҷамоати деҳоти Пӯлодон низ гузаронида шуда, бо сокинон оид ба оқибатҳои ногувори шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва пешгирии ҳодисаҳои номатлуб суҳбати судманд ороста шуд.
Дар анҷоми мулоқот филми мустанади “Хиёнат”, ки аз оқибати амалҳои ношоистаи ҷавонони гумроҳшуда нақл мекунад, манзури иштирокдорон гардонида шуд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






