Мулоқоти кормандони Прокуратураи вилояти Суғд бо сокинон

Октябрь 9, 2015 04:33

Душанбе, 09.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар ҷамоати деҳоти Ҳамробоеви шаҳри Конибодом мулоқоти кормандони Прокуратураи вилояти Суғд бо сокинони ин ҷамоат ва ҷамоати деҳоти ба номи Э. Шарипов доир шуд. 
Мавзӯи мулоқот “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ” буд. Корманди Прокуратураи вилояти Суғд, сардори шуъбаи назорати умумӣ Зайниддинзода Амирҷон оид ба зуҳуроти номатлуби ҷомеа, содир гардидани ҷиноятҳои дорои хусусияти  террористӣ аз ҷониби бархе ҷавонони ноогоҳ маълумот дод.
Чунин мулоқот дар ҷамоати деҳоти Пӯлодон низ гузаронида шуда, бо сокинон оид ба оқибатҳои ногувори шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва пешгирии ҳодисаҳои номатлуб суҳбати судманд ороста шуд.
Дар анҷоми мулоқот филми мустанади “Хиёнат”, ки аз оқибати амалҳои ношоистаи ҷавонони гумроҳшуда нақл мекунад, манзури иштирокдорон гардонида шуд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

 

 

 

Октябрь 9, 2015 04:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад