Мулоқоти Қ.Қоимдодов бо донишҷӯёни тоҷик
Душанбе, 12.10.15. (АМИТ «Ховар»). – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ба масъалаи тарбияи кадрҳо дар дохили ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд, гуфта шуд дар ҷараёни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Беларус Қозидавлат Қоимдодов бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи миллии техникии Беларус таҳсил мекунанд.
Қ.Қоимдодов аҳамияти ба имзо расонидани Созишномаи миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Беларус дар бораи ҳамкорӣ дар бахши таҳсилоти олӣ ва таҳсилот баъди хатми мактаби олӣ ва санадҳои дигари марбут ба тарбияи кадрҳоро ёдрас кард.
Зикр шуд, ки мувофиқи паймони президентҳои Тоҷикистону Беларус соли 2012 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ факултаи муштараки муҳандисию техникии донишгоҳи мазкур бо Донишгоҳи миллии техникии Беларус ба кор шурӯъ кард. Соли дуюм аст, ки донишҷӯёни факултаи муштараки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баъди соли дуюми таҳсил барои давом додани таҳсил дар Донишгоҳи миллии техникии Беларус ба шаҳри Минск меоянд.
Сафири Тоҷикистон аз ҳодисаҳои ба сафҳои ДИИШ ворид шудани тоҷикистониён, ки ҳангоми таҳсил ва фаъолият дар хориҷа фирефтаи «муҳоҷидон» мешаванд, изҳори нигаронӣ кард.
Сафир дар анҷоми мулоқот чунин гуфт: «Ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки шумо барои таҳсил ва аз худ кардани донишҳо ба ин ҷо омадаед».








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






