Муроҷиатномаи тоҷикони Қазоқистон

Октябрь 2, 2015 11:55

Душанбе, 02.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Вобаста ба ҳодисаҳои рӯзҳои ахир, ки дар ҷумҳурӣ рух доданд, аз номи тоҷикони Қазоқистон муроҷиатнома расидааст, ки дар он аз ҷумла омадааст:
Мо,  тоҷикони Ҷумҳурии Қазоқистон аз воқеаҳое, ки моҳи гузашта дар Тоҷикистони азиз рух доданд, аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва сомонаҳои интернетӣ бохабар гардидем. Аз ноором шудани вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ба ҳалокат расидани нафарони бегуноҳ хавотир шудем. Дар ҷамъомадҳои худ ашхосеро, ки сабабгори ноамнии Тоҷикистон буданд, маҳкум намудем.
       Бо умеди он, ки моро касе ба дахолат кардан ба корҳои дохилии Тоҷикистон гунаҳкор намеҳисобад, гуфтание дорем ва онро дар  ин муроҷиатномаи худ арз хоҳем кард.
         Бародарон ва хоҳарони азиз, ҳамватанони меҳрубон.      
Тоҷикон аз халқҳои бостонии ҷаҳон буда, таърихи мо решаҳои  ниҳоят чуқур дорад. Аҷдоди мо мушкилотеро, ки ба сарашон меомад,  шарафмандона ҳал менамуданд ва ҳоло шукри онро мекунем, ки соҳиби давлат ва забону фарҳанги худ мебошем. Пӯшида нест, ки дар дунёи муосир миллатҳои зиёде вуҷуд доранд, ки нуфузашон аз мо чандин маротиба зиёд асту онҳо соҳиби таърихи қадим мебошанд, лек соҳибдавлат нестанд ва дар сарзамини чандин давлатҳо умр ба сар мебаранд, забону фарҳанги худро қариб, ки аз даст додаанд.
     Мушкилоте ки дар гузашта ва имрӯзҳо ҳам ба сари ҳалқи тамаддунофари мо омадаанд, ин ноором кардани вазъи сиесӣ ва амниятии кишвар аз ҷониби аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон  аст. Дар ин самт беҳтарин иқдомро Ҳукумати ҶТ амалӣ намуд, ки ҳарчи зудтар ин ҳизбро ба гурӯҳи ташкилоти террористӣ дохил намуд. Дар сурате, ки дар Афғонистон гурӯҳҳои  террористии “Толибон”, “ДИИШ” ва дигарҳо фаъолият доранд ва даъвои забти минтақаро мекунанд, талоши давлатҳои абарқудрат баҳри пурзӯр намудани таъсири худ ба давлатҳои Осиёи Марказӣ баръало мушоҳида мешавад. Бе ваҳдату якдигарфаҳмии мардуми шарифи мо ва бе дастгирии Ҳукумати конститутсионӣ ин вабои асрро барҳам задан ғайриимкон аст.
Мо, тоҷикони бурунмарзӣ бовари комил дорем, ки шумо, мардуми шарифи Тоҷикистон сарбаландона ин мушкилотро рафъ мекунед ва агар лозим шавад, мо, тоҷикони Қазоқистон омода ҳастем, ба қадре, ки қонунҳои байналмилалӣ  имконият медиҳанд.  дар ин арса саҳмгузор бошем.
Умедворем миллати  тоҷик дар ояндаи наздик бори дигар, чӣ тавре  ки дар тӯли ҳазорсолаҳо буд, парчами илм, фарҳангу адаб ва иқтисодиёти пешрафтаро дар Осиёи Марказӣ ва тамоми ҷаҳон баланд мебардорад ва дар сафи халқҳои тамаддунофар сиёсати ҷаҳон бо иштироки онҳо пеш бурда мешавад.
Зиндаву поянда бод Тоҷикистони азиз!  Зиндаву обод бод халқи тамаддунофари бостонии тоҷик! Оромиву сулҳу субот ба кишвари азизамон Тоҷикистон! Оромиву сулҳу субот ба давлатҳои ҳамсоя ва тамоми  ҷаҳон.    

Норматов Ш.С.,
Роҳбари  ҷамъияти  тоҷикони Қазоқистон 

Октябрь 2, 2015 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар кӯчаҳои Хуҷанд барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ишкошим сохтмони Литсейи касбии техникӣ оғоз ёфт
Сарони давлатҳо қарорро дар бораи таъсиси қолаби нав бо номи «ИДМ плюс» имзо карданд
Раим Саданшоев: «Мо на танҳо дар самти таъмини алоқа, балки дар дигар соҳаҳо низ ҳамроҳи шумоем»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар Лахш барои фаъолияти самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон беш аз як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст
Чӣ тавр тарофаро дар якчанд дақиқа метавон фаъол кард?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад