Нақши бахши хусусӣ дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ

Октябрь 9, 2015 04:03

Душанбе, 09.09.2015, (АМИТ «Ховар») — Дар  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 октябр дар мавзўи «Нақши бахши хусусӣ дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ» бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ, олимон ва мутахассисони соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ семинар баргузор гардид.
Нишасти мазкур дар доираи таҷлили нахустин солгарди «Рўзи соҳибкор» ва баргузории «Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе — 2015» ба нақша гирифта шудааст, ки он таҳти шиори «Саҳми соҳибкориву сармоягузорӣ дар рушди устувор» 14 -уми октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад.
Дар чорабинӣ муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Маҳмадуллозода Нурулло оид ба тақвият додани «Нақши бахши хусусӣ дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ»  сухан гуфт.
Бояд зикр кард, ки дар  семинар олимон ва мутахассисони соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ доир ба  тамоюли афзоиши ҳиссаи бахши хусусӣ дар таъсиси ҷойҳои нави  корӣ дар соҳаҳои иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳибкорӣ ҳамчун самти асосии таъмини шуғли аҳолӣ, таҷрибаи фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар таъсиси ҷойҳои кории иҷтимоӣ тавассути  рушди соҳибкорӣ, вазъи ҳифзи меҳнат барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва мавқеи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вазорат дар ин раванд мубодилаи афкор намуданд. 

 

Октябрь 9, 2015 04:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст