Нақши бахши хусусӣ дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ
Душанбе, 09.09.2015, (АМИТ «Ховар») — Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 октябр дар мавзўи «Нақши бахши хусусӣ дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ» бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ, олимон ва мутахассисони соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ семинар баргузор гардид.
Нишасти мазкур дар доираи таҷлили нахустин солгарди «Рўзи соҳибкор» ва баргузории «Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе — 2015» ба нақша гирифта шудааст, ки он таҳти шиори «Саҳми соҳибкориву сармоягузорӣ дар рушди устувор» 14 -уми октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад.
Дар чорабинӣ муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Маҳмадуллозода Нурулло оид ба тақвият додани «Нақши бахши хусусӣ дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ» сухан гуфт.
Бояд зикр кард, ки дар семинар олимон ва мутахассисони соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ доир ба тамоюли афзоиши ҳиссаи бахши хусусӣ дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳибкорӣ ҳамчун самти асосии таъмини шуғли аҳолӣ, таҷрибаи фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар таъсиси ҷойҳои кории иҷтимоӣ тавассути рушди соҳибкорӣ, вазъи ҳифзи меҳнат барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва мавқеи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вазорат дар ин раванд мубодилаи афкор намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






