Нақши оилаи ҳунармандон дар синамо беҳамтост

Бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик
Душанбе, 16.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз, 16 октябр синамогарони мамлакат иди касбии худро ҷашн гирифтанд. Дар ин рӯз бояд оилаҳоеро, ки дар рушди соҳаи синамо ва касби ҳунармандӣ нақши босазои худро гузоштаанд, бори дигар ба хотир оварем. Дӯстдорони синамо, албатта, оилаҳои Ориповҳо, Ғуломовҳо, Қиматшоевҳо, Қосимовҳо ва дигар оилаи ҳунармандонро дар хотир доранд ва мешиносанд.
Яке аз оилаҳое, ки дар рушди театр ва синамои тоҷик саҳми назарраси худро гузоштаанд, оилаи Косимовҳо мебошад. Муҳаммадҷон Қосимов аз асосгузорони театру синамои миллии тоҷик ва ташкилкунандаи нахустин ҳайати касбии эҷодӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
Саҳми ин актёр дар инкишофи театру синамои тоҷик ва нашъунамои фарҳанги шӯравӣ бағоят калон аст. Вай бо эҷодиёти худ дар равнақу ривоҷи драматургияи миллӣ, санъати касбии актёрӣ ва инкишофи театри тоҷик ҳиссаи сазовор гузоштааст.
М. Қосимов дар санъати тоҷик тимсоли як давраи калоне мебошад, ки он ҳам табаддулоти маданият, ҳам тавлиду ташаккул ва ҳам нашъунамои санъати навро дар бар мегирад.
Адиби шинохта Абдураҳмони Абдуманнон андешаҳояшро дар бораи ин оила чунин иброз намуд: «Оилаи Қосимовҳо аслан як оилаи зиёиёни бисёр маъруфи ҷумҳурии мо мебошанд. Худи Муҳаммадҷон Қосимов яке аз поягузорони театри миллӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ буд, бисёр фаъолияти бисёрсоҳа дошт, ҳам дар театр нақш меофариду ҳам пйесса менавишт ва ҳам дар филмҳо нашқ иҷро мекард. М. Қосимов дар зеҳну хотираи мардум бештар ҳамчун офарандаи нақшҳо дар кинои тоҷик нақш бастааст. Хусусан нақши Коваи оҳангар, ки бисёр ба таври классикӣ офарида шудааст. Аслан ман М. Қосимовро ҳам дар нақши раиси колхоз, ҳам дар нақши падар, дар нақши зиёӣ дидаам ва дар ҳар нақше, ки бошад, он кас он нақшҳоро бо маҳорати баланд меофарид. Аслан оилаи он кас Мушарррафа Қосимова ҳам дар театр ва ҳам дар филмҳо симои модарро дар худ таҷассум мекунад».
Мушаррафа Қосимова аз рӯзгори бо Муҳаммадҷон Қосимов ба сар бурдааш шукрона дошта, фахр мекунад, ки меҳнати кардаи онҳо зоеъ нарафтааст ва онро қадрдонӣ кардаанд. Имрӯз вай ба синни 97 қадам монда, солҳои охир нақш намеофарад, вале доимо кӯшиш мекунад. то аз вазъи кунунии театру синамо огоҳ бошад. Филмҳои давраи истиқлолро бо шавқ тамошо карда, бо филмҳои даврони шӯравӣ муқоиса мекунад, ба ҳунармандони ҷавон, ки ба аёдаташ меоянд маслиҳат медиҳад. Шукрона аз он дорад, ки фарзандон ҳам соҳиби касби ҳунармандӣ гашта, номи оилаи Қосимовҳоро дар ҷумҳурӣ ва ҳатто берун аз он муаррифӣ намудаанд.
То имрӯз шӯҳрати Муҳаммадҷон ва Мушаррафа Қосимовҳо дар байни халқ боқӣ монда, фарзандон ин касби волидайнро идома дода истодаанд. Бояд гуфт, ки фарзандони онҳо Фаррух ва Хуррам Қосимовҳо низ дар соҳаи театру кино нақши босазо гузоштаанд. Имрӯз ҳамсари Фаррухи Қосим- Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сабоҳат Қосимова дар ин ҷода фаъолият дошта, барои саҳнаи тоҷик боз як симои нав аз оилаи Қосимовҳо- Фирдавси Қосимро тайёр намуда истодааст.
Муҳаммадҷон Қосимов дар филмҳои «Писари Тоҷикистон», «Дохунда», «Қисмати Шоир», «Байрақи оҳангар», «Достони Рустам» ва боз чандин филмҳои дигар, Мушаррафа Қосимова дар филмҳои ҳунарии «Нисо». «Дохунда», «Дӯсти ман Наврӯзов», «Ҷавонии Насриддин» ва дигар филмҳо нақш офаридаанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






