Нақши соҳибкорӣ дар рушди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 09.09.2015, (АМИТ «Ховар») -Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат намудан дар рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла рушди минтақаҳои алоҳидаи он, чун анъана анҷуманҳои байналмилалии иқтисодиро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамасола баргузор менамояд.
Вазорат Анҷумани иқтисодии байналмилалии «Ҳисор-3000»-ро дар мавзўи “Нақши соҳибкорӣ дар рушди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” 8-9 октябр дар доираи нахустин солгарди “Рузи соҳибкор” таҳти сарпарастии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор намуда истодааст.
Мақсади чорабинӣ мониторинг, арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои гуногуни дар минтақаи мазкур татбиқшаванда, баррасии ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳои барномаҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои тобеи марказ, ҷалби сармоягузориҳо ва муҳокимаи масъалаҳои беҳтар намудани шароит барои рушди соҳибкорӣ дар минтақаи мазкур мебошад.
Дар конфронс вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Н. Ҳикматуллозода, роҳбари минтақавии БРСММ дар Тоҷикистон, Норимаса Шимомура, муовини роҳбари дафтари САҲА дар Тоҷикистон Фабио Пиана, Намояндаи Бонки Осиёи Рушд дар Тоҷикистон Си Си Ю, сафири Федератсияи Русия Лякин Фролов Игор, Сафири Ҷумҳурии Украина, Никитюк Виктор, Сафири Ҷумҳурии Покистон Тариқ Иқбол Сум ва дигарон иштирок хоҳанд кард.
Дар конфронс масъалаҳои «Иқтидори рушди минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд». «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим», арзёбии вазъи имрўзаи иқтисодии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи илмӣ ва амалӣ, таҳияи пешниҳодҳои мушаххас барои беҳтар намудани фаъолияти МОИ дар Тоҷикистон, рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмўъ ва дар заминаи рушди МОИ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Дар ҷамъбасти конфронс дар бораи натиҷаҳои баррасии мизи мудаввар ва қабули ҳуҷҷатҳои ниҳоии анҷуман нишасти матбуотӣ барои намояндагони ВАО гузаронида мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки дар доираи конфронси мазкур 8 октябр дастовардҳои молҳои саноатӣ, кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ дар қалъаи Ҳисор намоиш дода шуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






