Нақши соҳибкорӣ дар рушди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 9, 2015 03:50

Душанбе, 09.09.2015, (АМИТ «Ховар») -Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади мусоидат намудан дар рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла рушди минтақаҳои алоҳидаи он, чун анъана анҷуманҳои байналмилалии иқтисодиро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамасола баргузор менамояд.
Вазорат Анҷумани иқтисодии байналмилалии «Ҳисор-3000»-ро дар мавзўи “Нақши соҳибкорӣ дар рушди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” 8-9 октябр дар доираи нахустин солгарди “Рузи соҳибкор” таҳти сарпарастии  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор намуда истодааст.
  Мақсади чорабинӣ мониторинг, арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои гуногуни дар минтақаи мазкур татбиқшаванда, баррасии ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳои барномаҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои тобеи марказ, ҷалби сармоягузориҳо ва муҳокимаи масъалаҳои беҳтар намудани шароит барои рушди соҳибкорӣ дар минтақаи мазкур мебошад.
Дар конфронс вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Н. Ҳикматуллозода, роҳбари минтақавии БРСММ дар Тоҷикистон, Норимаса Шимомура, муовини роҳбари дафтари САҲА дар Тоҷикистон Фабио Пиана, Намояндаи Бонки Осиёи Рушд дар Тоҷикистон Си Си Ю,  сафири Федератсияи Русия Лякин Фролов Игор,  Сафири Ҷумҳурии Украина, Никитюк Виктор,  Сафири Ҷумҳурии Покистон Тариқ Иқбол Сум ва дигарон иштирок хоҳанд кард.  
Дар конфронс масъалаҳои  «Иқтидори рушди минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд». «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим», арзёбии вазъи имрўзаи иқтисодии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи илмӣ ва амалӣ,   таҳияи пешниҳодҳои мушаххас барои беҳтар намудани фаъолияти МОИ дар Тоҷикистон, рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмўъ ва дар заминаи рушди МОИ  мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.  
          Дар ҷамъбасти конфронс дар бораи натиҷаҳои баррасии мизи мудаввар ва қабули ҳуҷҷатҳои ниҳоии анҷуман нишасти матбуотӣ барои намояндагони  ВАО гузаронида мешавад.
 Хотиррасон мекунем, ки  дар доираи конфронси мазкур 8 октябр дастовардҳои молҳои  саноатӣ, кишоварзӣ  ва ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ дар қалъаи Ҳисор намоиш дода шуданд. 

 

 

 

Октябрь 9, 2015 03:50

Хабарҳои дигари ин бахш

17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
15 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад