Намоиши атлас ва адрас дар Қасри Арбоб

Октябрь 21, 2015 16:00

Душанбе, 21.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Пас аз анҷоми машварати корӣ бо фаъолону сокинони вилоят Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри Арбоб пеш аз иштирок дар чорабинӣ бахшида ба иди атласу адрас оромгоҳи қаҳрамони меҳнат Саидхуҷа Урунхоҷаевро зиёрат кард. Президенти мамлакат ва ҳайати ҳамроҳ барои ободию шукуфоии Ватан, сарҷамъии миллат ва якпорчагии сарзамин даст ба дуо бардоштанд.

Барномаи Фестивали вилоятии «Атлас ва адраси тоҷик — 2015» аз намоиши сару либосҳои гуногуни арусии бо зарҳал ороёфта, оғоз шуд. Дар саҳни ҳавлии қаср духтарони зебою қадраси тоҷик бо либосҳои хуштарҳу назаррабо пешвои хеш Эмомалӣ Раҳмонро бо самимият истиқбол гирифтанд.

Чорабинии фарҳангӣ — Фестивали вилоятии «Атлас ва адраси тоҷик — 2015» дар толори муассисаи давлатии Қасри Арбоб доир гашт.

Сутунҳои даромадгоҳи Қасри бошукуҳи Арбоб бо намудҳои гуногуни атласу адрас оро дода шуда, фазои инҷоро зебову дилрабо карда буд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат маҳсули дасти чеваронро тамошо карда, бо ҳунармандон, ки машғули атласу адрасбофӣ буданд, суҳбат кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кори ин бонувони чирадаст баҳои баланд, дода онҳоро барои эҳёи анъанаҳои миллӣ, тарбияи шогирдон ва ҳарчи бештар тарғиб кардани либосҳои тоҷикӣ ҳидоят намуд. Дар толори пурнақшу нигори Қасри Арбоб тарроҳону дигар ҳунармандон барномаи мукаммали рангинеро бо муаррифии дастовардҳои соҳаи ресандагӣ намоиш доданд.

Чорабинии мазкур бо мақсади тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матои атлас ва адраси тоҷик ва ба муносибати 21 — умин солгарди Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

9 нафар тарроҳ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд либосҳои миллиро, ки аз навъҳои гуногуни атласу адрас духта шуда буданд, пешниҳоди ҳозирин намуданд. Дар ин ҳамоиш тарроҳон аз 30 номгу матоъи гуногуни атласу адрас куртаҳоро бо тарҳи милливу ҳозиразамон духта, пешкаши аҳли нишаст карданд.

Дар ин ҳамоиш либосҳои гуногуни духтаронаву писарона ва  кӯдакони то синни 8 сола муаррифӣ карда шуд.   

Маврид ба ёдоварист, ки дар вилояти Суғд 80 маркази атласу адрасбофӣ бунёд ёфтааст ва то охири сол ин шумора бояд ба 150 адад расонида шавад. Айни ҳол  наздики 600 нафар занону духтарон ба ҳунаромузӣ ҷалб гаштаанд, ки дар муддати кӯтоҳ ҳамчун мутахассис бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Дар вақти баҳодиҳӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, зебоӣ, тарҳи либосҳои нотакрору ғайримуқаррарӣ, тобиш ва обуранг, истифодаи ҳунарҳои гулдузӣ, қуроқдузӣ, интихоби ашёи ороиш ва пардоз ба назар гирифта шуд.

Дар охири барномаи рангини ҳунарӣ, ки таърихи рушди санъати атлас ва адрасбофиро тавассути саҳнаҳо инъикос менамуд, аз руи шартҳои озмун, аз ҷумла беҳтарин атласи Гули бодом, беҳтарин либоси кудакона,  беҳтарин либоси рӯзмарраю расмӣ, беҳтарин либоси қадима ва беҳтарин адрас  ғолибон муайян шуданд. Ба иштирокчиёни муваффақ ва ғолиб барои бофтани атласу адраси хушсифат ҷоизаҳо дар ҳаҷми 10 ва 8 ҳазор сомонӣ муайн карда шуда буд, ки онро Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ тақдим кард.

Зимни суханронӣ дар ҷамъбасти фестивал Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ ва ифтихору хушҳолӣ иброз дошт, ки ин саҳнаву толори Қасри Арбоб барои ман азизу муқаддас аст.

Дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои олӣ вакилон бо интихоби  Сарвари хеш тақдири ояндаи давлати тоҷик ва сарҷамъии миллату якпорчагии Тоҷикистонро ҳал карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ғолибонро бори дигар бо комёбиашон табрику муборакбод намуда, бо итминон иброз дошт, ки ояндаи наздик мо тавассути ин ҳунармандон ба рушди соҳа, истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти хушсифати атласу адрас ноил мегардем.

Президенти мамлакат ба барномаи ҳунарӣ ва сару либоси тамошобинон, ки толорро бо ҳузурашон рангину гулистон карда буданд, баҳои баланд дод.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҳадаф аз баргузории намоиши атласу адрас дар вилояти Суғд, ки ин навъи санъат дар ин ҷо бештар рушд кардааст, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин, ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав гузаронида шуд.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиён — тарроҳони ватанӣ барои пешниҳоди чунин як барномаи рангин изҳори сипос намуд ва таъкид кард, ки ҳадафи ҳукумати мамлакат аз таъсиси корхонаҳои дӯзандагию бофандагӣ, аввалтар аз ҳама бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардани бонувони хонашин ва эҳёи ҳунарҳои миллию муаррифии он ба ҷаҳониён мебошад.

Президенти мамлакат пешниҳод намуд, ки фестивали атласу адрас минбаъд дар сатҳи вилоятӣ не, балки дар саросари ҷумҳурӣ гузаронида шавад.  Ин пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҳозирин бо кафкубиҳои пурмавҷ пазироӣ карда шуд.

Октябрь 21, 2015 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд