Намояндагони вазорату кумитаҳо аз сафари Русия баргаштанд
Душанбе, 21.10. 2015 (АМИТ «Ховар»). — Гурӯҳи ҷавонон, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи телевизион ва радио ва гурӯҳи «Пешоҳанг», ки бо мақсади мулоқот бо ҷавонони тоҷик тӯли як ҳафта дар Федератсияи Русия қарор доштанд, ба Ватан баргаштанд.
Зимни вохӯриҳои судманд дар шаҳрҳои Маскав, Твер, Сочи ва вилояти Краснодар, ки дар он ҷо шумораи зиёди тоҷикон ба кору таҳсил машғуланд, ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» доир ба дастовардҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ, пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди назар суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.
Сафари гурӯҳи ҷавонон бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ сурат гирифт ва дар ҷараёни он намояндагони вазорату кумитаҳои ҳукуматӣ аз шароити таҳсилу кори ҷавонони тоҷик дар Русия огоҳӣ пайдо карданд.
Ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» аз сафар ба Федератсияи Русия ва вохӯрӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ таассуроти хотирмон бардошта, изҳор доштанд, ки ин чорабиниҳо дар сатҳи баланд баргузор гардида, суҳбату мулоқот барои бедор кардани ҳисси миллӣ ва хештаншиносию худогоҳии ҷавонон хеле боманфиат буданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






