Нашри дуюми “Китоби сурх”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 15.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Чанде қабл бо ҷалби 42 нафар олимону мутахассисони намоёни соҳаи ботаника ва зоологияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тањия ва чоп гардид. Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии ташкилотњои байналмилалии дар Тољикистон фаъолияткунанда моҳи октябри соли 2015 чоп шудааст.
Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муњими давлатӣ буда, барои истифодабарї ба кормандони соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, хоҷагии ҷангал, мутахассисони соҳаҳои ботаника ва зоология, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ ва оммаи васеи хонандагону дӯстдорони табиат тавсия мешавад. Гуногунии биологии Тоҷикистон бой ва рангин аст. Дар асоси маълумотњои навтарин дар сохтори фауна ва флораи Тоҷикистон зиёда аз 13 000 намуди ҳайвонот ва беш аз 4 500 намуди растаниҳои гулдор муайян карда шудааст. Дар экосистемаҳои кӯҳии Тоҷикистон 80% гуногунии биологии кишвар сокин гардидааст. Ҳаёт ва рӯзгори беш аз 70% аҳолии Тоҷикистон аз истифодаи бойгариҳои табиӣ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захирањои гуногунии биологӣ омили муҳимтарини беҳдошти некӯаҳволї ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Тайи солњои соњибистиќлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи муҳити зист ва нигоњ доштани гуногунии биологӣ чорањои муњиму мақсаднок амалӣ шуда истодаанд. Аз љумла, оид ба тақвият бахшидани огоҳии мардум ва такмил додани заминаи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи мухити зист корҳои зиёд ҷараён доранд. Ҳамкории ташкилотњои ҷамъиятии экологӣ бо муассисаҳои давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи муҳити зист густариш меёбад.
Китоби сурхи Љумњурии Тољикистон ҳуҷҷати илмиест, ки фаъолияти маќомоти дахлдори давлатиро оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ тибќи талаботи ќонунгузории амалкунанда танзим менамояд. Намудҳои наботот ва ҳайвоноте, ки ба ин Китоб дохил шудаанд, ба ҳифз ва ғамхории ҳамаҷониба эҳтиёҷ доранд.
Ба нашри якуми Китоби сурх-и Љумњурии Тоҷикистон 162 намуди ҳайвонот ва 226 намуди растаниҳои нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ дохил гардида буд. Нашри аввали Китоби сурхи Љумњурии Тоҷикистон тӯли қариб 30 соли охир дар ҳифз ва нигоҳдории гуногунии биологии Тоҷикистон нақши муҳим бозид. Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растанӣ ва 222 намуд ҳайвоноте, ки зери тањдиди маҳвшавӣ қарор доранд, дохил шудаанд.
Вазифаи асосии Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёру категорияҳои муқарраргардидаи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (ИБҲТ) арзёбӣ ва ҳифзи намуду зернамудҳои олами набототу ҳайвоноте мебошад, ки шумораашон маҳдуд гардидааст ё ба онҳо хатари маҳвшавӣ таҳдид мекунад. Умед аст, ки нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифз ва таҷдиди намудҳои нодири набототу ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи устувори захираҳои табиии кишвар нақши муҳими худро мегузорад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






