Нашрияҳои даврӣ — инъикосгари ҳаёти ҷомеа. Фишурдаи матбуот

Октябрь 8, 2015 10:36

Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» дар шумораҳои 198-199, аз 3-юми октябри соли равон мақолаи муфассали раиси Суди конститутсионӣ, академик Маҳкам Маҳмудзодаро бо сарлавҳаи «Президент ва конститутсионализм» чоп кардааст. Дар шумораи мазкур мақолаи рӯзноманигори шинохта Абдулқодири Раҳим оид ба фаъолияти сиёсии Президент Эмомалӣ Раҳмон бо сарлавҳаи «Ӯро ҳамеша дӯст медоранд» дарҷ шудааст, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Беш аз бист сол аст, ки наҳангони бузург моро мехоҳанд чун луқмае ба осонӣ фурӯ бибаранд, аммо наметавонанд. Аз он наметавонанд, ки сарвару муҳофизе чун ин марди хирадманду нотакрор дорем». Дар саҳифаи «Шоми шанбе»-и «Ҷумҳурият» маводи ҷолиби иттилоотӣ-фароғатӣ нашр шудаанд.
Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» аз 6-уми октябр табрикоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ бо сарлавҳаи «Забони тоҷикӣ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид садо медиҳад» чоп шудааст. Мақолаи фарҳангшинос Ҷонибек Асрориён бо номи «Фарҳанги аср ва ҷангҳои фарогир» ба хонандагон аз мавзӯи муҳими рӯз нақл мекунад. Шумораи рӯзи панҷшанбеи нашрияи  «Ҷумҳурият» оид ба мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия В.Путин, машварати кории Президент бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ хабарҳо чоп карда, дар бораи ғизои солими кӯдак мақола чоп кардааст.
Нашрияи Маҷлиси Олӣ «Садои мардум» зери рубрикаи «Шахсиятҳои ҷаҳонӣ дар бораи Эмомалӣ Раҳмон» андешаҳои сиёсатмадорони ҷаҳонӣ ва ҳамчунин 63 лаҳзаи хотирмон аз ҳаёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шумораи навбатии худ нашр кардааст.
Минбари ҷавонони мамлакат «Ҷавонони Тоҷикистон» аз натиҷаҳои мусобиқаи дзюдо барои «Ҷоми Президент-2015» гузориш омода кардааст. Ба ифтихори 80-солагии профессор Баҳриддин Камолиддинов мақолаи Саъдулло Ҳайдарӣ бо номи «Устоди шакаргуфтор» дар шумораи навбатии «Ҷавонони Тоҷикистон» нашр шудааст.
Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар шумораи навбатӣ шеърҳои тозаэҷоди Муҳаммадалии Аҷамӣ ва ҳикояи нависанда Равшани Махсумзодро бо номи «Ишқи зистан» чоп кардааст. Дар ин шумора оид ба барандагони ҷоизаи Нобел маълумотнома дарҷ шудааст.
Ҳафтаномаи ҳизбии «Минбари халқ» дар шумораи навбатӣ мақолаи Ғайбулло Ҳалимовро дар бораи ҳаёту фаъолияти афсари шуҷои Ватан Рустам Амакиев пешкаши хонандагон кардааст. Ҳамчунин ҳафтанома дар мавзӯи эҳтиром ба забони модарӣ мақолаи таҳлилӣ таҳти унвони «Номгузориҳо пероҳани шаҳранд» ба нашр расонидааст.
Нашрияи «Омӯзгор» аз машварати кормандони соҳаи маориф таҳти номи «Муносибат бояд сатҳӣ не, ҷиддӣ бошад» гузориш омода кардааст. Ҳамчунин андешаҳои Додарбек Сайдалиев «Наҷоти мо дар маориф аст» дар ҳамин шумораи «Омӯзгор» нашр гардидаанд.
Рӯзномаи «ИмрӯзNews» дар шумораи рӯзи душанбе дар рубрикаи «геополитика» бо номи «Оғози Ҷанги саввуми ҷаҳон. Вуруди Русия ба Сурияро ҳамин тавр меноманд» аз воқеаҳои охири Ховари Миёна гузориш омода кардааст. Ҳамчунин мусоҳибаи таҳлилгар Абдувоҳид Шамолов бо номи «Хатари Сурия ба Тоҷикистон дар чист?» дар ҳамин шумора ба чоп расидааст. «Намак хӯрданду намакдон шикастанд»- бо чунин сарлавҳа фикру мулоҳизаҳои Фурӯзон Аъзамзодро рӯзномаи «ИмрӯзNews» дар шумораи рӯзи сешанбе ба нашр расонидааст. Рӯзномаи «ИмрӯзNews» ҳамчунин изҳороти расмии Прокуратураи генералии Тоҷикистонро дар бораи боздошт шудани 23 узви ҲНИТ дар шумораи рӯзи чоршанбе чоп кардааст.
Ҳафтаномаи «СССР» таҳти сарлавҳаи «12 қаҳрамони оддии милисаи тоҷик…» дар бораи кормандони ВКД, ки дар ҳодисаҳои ошӯбангези моҳи сентябр ба ҳалокат расиданд, маълумотнома чоп кардааст.
Ҳафтаномаи «Нигоҳ» дар шумораи навбатии худ мусоҳиба бо раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзодаро нашр карда, ҳамчунин суханронии Камол Айниро дар шаҳри Ню-Йорки ИМА, ки соли 1992 сурат гирифтаву онро маҷаллаи «Забони порсӣ» чоп кардааст, бознашр намудааст.
Нашрияи «Тоҷикистон» мусоҳибаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Қодири Қосимро дар арафаи Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 чоп кардааст. Ҳамчунин дар ин шумора хабарҳои варзишӣ аз муваффақиятҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ ба хонандагон пешниҳод шудаанд.

 

 

Октябрь 8, 2015 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад