Нашрияҳои даврии Душанбе чӣ навиштанд? Фишурдаи матбуот
Душанбе, 30.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Нашрияи расмии мамлакат «Ҷумҳурият» дар шуморае, ки рӯзи шанбе нашр кардааст, бо сарлавҳаи «Марди шуҷоъро Худо ва инсонҳо дӯст медоранд» суханронии Президент Эмомалӣ Раҳмонро зимни вохӯрӣ бо афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чоп кардааст. Ҳамчунин дар ин шумора дар баробари хабарҳои расмӣ саҳифаи «Шоми шанбе» таҳия шудааст, ки муҳтавои онро мақолаҳои иттилоотӣ-фароғатӣ ташкил додааст. Дар шумораҳои минбаъдаи нашрияи «Ҷумҳурият», ки рӯзҳои сешанбе, чоршанбе ва панҷшанбе нашр шудаанд, сафари Президенти мамлакат ба Ню-Йорк, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Пан Ги Мун, суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти сатҳи олӣ ҷиҳати тасдиқи «Рӯзномаи рушд барои давраи баъди соли 2015»; дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи «Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим; дар чорабинии сатҳи баланд дар мавзӯи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар соҳаи об»; дар Форуми сатҳи баланди кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ; дар чорабинии сатҳи баланди СММ «Аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола то Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи Осиёву уқёнуси Ором» ва суханронӣ дар мубоҳисоти умумии иҷлосияи 7-уми Маҷмаи умумии СММ нашр шудааст. Ҳамчунин дар ин шумораҳои нашрияи расмӣ фикру мулоҳизаҳои одамони касбу кори гуногун оид ба ҳодисаҳои фоҷеавии ибтидои моҳи сентябр ба дасти чоп расидаанд.
Нашрияи Маҷлиси Олӣ «Садои Мардум» низ дар шумораҳои инҳафтаинаи худ вохӯрии Президент Эмомалӣ Раҳмонро бо дабири кулли СММ Пан Ги Мун, мулоқот бо Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд Марк Рутте, суҳбат бо муовини Дабири кулли СММ Ҳелен Кларк, вохӯрӣ бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Праут Чан Оча, бо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳро инъикос кардааст. «Адабиёт ва Санъат» дар бораи баргузор шудани ҷаласаи навбатии Раёсати Иттифоқи нависандагон ва оғоз шудани мавсими нави театрӣ, гиромидошти хотираи Ибод Файзулло хабарҳо чоп карда, оид ба Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Мавлоно ва ёдбуд аз Бобоҷон Ғафуров ва Носирҷон Маъсумӣ мақолаҳои ҷолиб нашр кардааст. Нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» — таҳти рубрикаи «Қаҳрамонон намемиранд» оид ба зиндагиномаи 14 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар амалиёти махсус бар зидди дастаи террористии хоинони Ватан ҷони ҷавони худро аз даст додаанд, маълумотномаи муфассал чоп кардааст. Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» навиштааст, ки ба идораи ҳафтанома бародари Муҳиддин Кабирӣ Сафар Кабиров омада, бо рӯзноманигор изҳори мусоҳиба кардан намудааст. Дар мусоҳибаи худ С.Кабиров дар бораи худ, аҳли оила ва муносибаташ бо М.Кабирӣ ва баромаданаш аз сафи ҳизби акнун манъшудаи наҳзати ислом нақл кардааст.
«Asia-Plus» дар шумораи рӯзи душанбегии худ аз натиҷаҳои сафари мухбири худ ба хонаи барҷомондагон ва пиронсолони ноҳияи Ёвон гузориши муфассал нашр кардааст. Ҳамчунин дар ин нашрия дар хусуси дивизияи 201-уми ФР, ки аз будубошаш дар қаламрави Тоҷикистон 70 сол пур шуд, мақолаи Ғафур Шерматов ба чоп расидааст.
Ҳафтаномаи «Нигоҳ» бо номи «Спектакли «Мулло Муҳиддин» ва «Эшони Нурӣ» дар театри Лоҳутӣ» аз маросими ифтитоҳи мавсими 86-уми театрӣ хабар чоп кардааст. Ҳамчунин Фаромарзи Фозил дар хусуси воқеаҳои охири Афғонистон таҳти рубрикаи «Геополитика» мулоҳизаҳои худро дар «Нигоҳ» нашр кардааст.
Ҳафтаномаи «Миллат» низ ҳамлаи гурӯҳи Толибонро ба шаҳри Кундузи Афғонистон «Паёми рӯшани Обама ба Путин» гуфта, аз партоб шудани ду бомби худсохт ба ҳавлии сафорати Амрико дар Тошканд хабар нашр намудааст.
Ҳафтаномаи «СССР» бо номи «Чаро модари тоҷик ордену медал надорад» пешниҳоди Одинашо Муродовро дар хусуси таъсис додани ҷоиза ё медал барои модарон чоп кардааст. Ҳамчунин дар ин шумора дар хусуси инқилобчиёни тоҷик мақолаи Тӯра Ниёзов аз ш.Панҷакент ба нашр расидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






