Нигаронии А. Абдуллозода аз фаъолияти сусти федератсияҳои варзишии кишвар
Душанбе, 08.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Чанде пеш дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо роҳбарони федератсияҳои варзишии мамлакат доир гардид.
Дар мулоқот Аҳтам Абдуллозода фаъолияти федератсияҳои варзиширо мавриди таҳлил қарор дода, аз фаъолияти суст ва ҳамчунин сари вақт пешниҳод накардани гузоришу ҳисоботи баъзе федератсияҳо изҳори нигаронӣ кард.
Абдуллозода таъкид дошт, ки то имрӯз бештар аз 51 федератсияи варзишӣ бо кумита шартномаи ҳамкорӣ доранд, аммо ба назар мерасад, ки баъзе аз онҳо уҳдадориҳои худро иҷро накардаанд. Гуфта шуд, ки фаъолияти федератсияҳои намуди ғайриолимпӣ нисбат ба намудҳои олимпӣ хубтар ба назар мерасад. Ин дар ҳолест, ки ба намудҳои олимпӣ бештар афзалият дода мешавад.
А. Абдуллозода аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи варзиш ёдовар гардида, изҳор намуд, ки таъсиси Ҷоизаи Президент барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ шоҳиди ин гуфтаҳост.
Раиси кумита аз роҳбарони тамоми федератсияҳои варзишӣ даъват ба амал овард, ки ҷиҳати баргузор намудани мусобиқаҳои нақшавӣ, пешниҳод намудани варзишгарони беҳтарин ба мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ, одилона доварӣ намудани доварон дар мусобиқаҳои варзишӣ ва дар маҷмӯъ, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ модани фаъолият табдирҳо андешида, ҳамкориро бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ пурзӯр намоянд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






