Нисбат ба марги тифли 5 моҳаи муҳоҷири корӣ дар Санкт-Петербург парвандаи ҷиноятӣ боз гардид
Душанбе, 21.10. 2015 (АМИТ «Ховар»). — Мақомоти тафтишотии Федератсияи Русия нисбат ба ҳодисаи аз модар ҷудо кардани кӯдаки ширхораи муҳоҷири кории тоҷик, ки боиси марги тифли панҷмоҳа — Умаралӣ Назаров шудааст, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 109-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (расонидан ба ҳолати марг аз беэҳтиётӣ, ки дар натиҷаи ба ҷо наовардани уҳдадориҳои касбӣ сар задааст) боз карда, тафтишоти минбаъдаро дар доираи парвандаи ҷиноятӣ идома медиҳанд.
Хотиррасон мешавем, ки 13-уми октябри соли равон кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар вилояти Санкт-Петербург шаҳрвандони Тоҷикистон Далер Назаров ва Заррина Юнусоваро бо сабаби риоя накардани талаботи қоидаҳои будубоши муҳоҷирони корӣ боздошт карда, тифли панҷмоҳаи онҳо Назаров Умаралии 5 моҳаро, ки ба нигоҳубин ва шири модар ниёз дошт, аз модар ҷудо карда, ба дигар ҷо интиқол медиҳанд. Мутаассифона, рӯзи дигар Умаралӣ Назаров мефавтад. Вобаста ба ин ҳодиса Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар нотаи эътирозӣ ирсол намуд.
Сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомиддин Сатторов вобаста ба ин ҳодиса изҳор кард, ки аз рӯзи 13-уми октябр ин ҷониб роҳбарият ва кормандони сафорати Тоҷикистон, консулгарии ифтихорӣ дар Санкт-Петербург, намояндагиҳои дигар вазорату идораҳои масъули Тоҷикистон дар Русия ҳодисаи фавтидани тифли панҷмоҳаи муҳоҷири кориро таҳти назорат ва пайгирӣ қарор додаанд. «Мо умед дорем, ки тафтиши ин қазия мунсифона ва бо риояи талаботи қонун ҷараён мегирад» — гуфт И.Сатторов.
Тибқи иттилои расида ҳоло мақомоти тафтишотии Федератсияи Русия маҷмӯи чораҳои фаврӣ-тафтишотиро барои пурра муайян кардани ҷузъиёти ҳодисаи мазкур роҳандозӣ кардаанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






