Оғози Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор»
Душанбе, 14.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» дар доираи таҷлили «Рӯзи соҳибкор» оғоз гардид.
Дар Форум намояндагони Ҳукумат ва вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони парлумони кишвар, намояндагони воломақоми ҳукуматҳои кишварҳои ҳамшарик, соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ва ҷумҳуриявӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, олимону коршиносони варзида, 350 ширкати сармоягузор аз 35 мамолики олам, дар маҷмуъ зиёда аз ду ҳазор нафар иштирок менамоянд.
Дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилҳои амиқ дар бораи дастгирии соҳибкории хурду миёна, имтиёзҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, таъсиси фонди дастгирии соҳибкорӣ, натиҷаҳои мулоқоти қаблии Сарвари давлат бо соҳибкорон, иштироки тоҷирон ва сармоягузорони дохилию хориҷӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат, воридоти технологияи муосир, ифтитоҳи корхонаҳои муштараки саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсолу содироти молу маҳсулот ва дар маҷмуъ оид ба натиҷаи фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ андешаронӣ мекунад.
Инчунин дар ин форум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи имкону захираҳои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат, таҳкими ҳамкории бахши хусусӣ бо давлат, муаррифии мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва захираҳои гуногуни табиӣ андешаронӣ менамояд.
Ҳадаф аз баргузории форум — муаррифӣ намудани имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, шароити мувофиқ барои муколамаи доираҳои тиҷоратӣ, баррасию дарёфти роҳҳои ҳалли муҳимтарин масоил ва мушкилоти иқтисодӣ, навгониҳои фазои сармоягузории мамлакат, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақими тиҷоратию иқтисоӣ байни соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, таҳкими ҳамкории дарозмуддат ва банақшагирии фаъолияти муштараки онҳо мебошад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






