Қодири Қосим: «Эътимоди сармоягузорони хориҷӣ барои сармоягузорӣ ба иқтисодиёти мамлакат қавитар мегардад»

Октябрь 12, 2015 12:49

Душанбе, 12.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бо назардошти саҳми соҳибкорони ватанӣ дар рушди иқтисоди миллӣ санаи 14-уми октябр бо ташаббуси Президенти мамлакат «Рӯзи соҳибкор»эълон гардида, дар доираи нахустин солгард аз ин сана «Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015» баргузор мешавад, ки дар кори он, аз ҷумла садҳо соҳибкорону сармоягузорони дохилию бурунмарзӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, намояндагони баландпояи кишварҳои хориҷӣ ва дигар шарикони иқтисодӣ иштирок мекунанд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар арафаи баргузории Форум бо раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим мусоҳиба баргузор кард.

АМИТ «Ховар»: Қаблан дар симои шумо, соҳибкорони ватаниро бо ҷашни Рӯзи соҳибкор табрик гуфта, таманно дорем, ки саҳми соҳибкорони ватанӣ дар рушди саноату истеҳсолоти миллӣ сол то сол бештару беҳтар гардад. Роҳбарият ва кормандони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар давоми соли равон ба кадом муваффақиятҳои назаррас дар рушди соҳа ноил шуданд? 

Қодири Қосим: Кумита фаъолияти худро барои тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазо ва бартараф намудани монеаҳо дар ин самт ба воситаи шарикӣ ва муколамаи давлат бо бахши хусусӣ равона намудааст. Дар ин замина устувории рушди бахши хусусӣ таъмин гардида, аз рӯи маълумот дар айни замон вазни он 63,4 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад, 64,5 фоизи теъдоди аҳолии фаъоли иқтисодиро ба шуғл фаро гирифта, қариб 80 фоизи пардохтҳои андозиро ба буҷаи давлат таъмин менамояд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ саҳми соҳибкорон  93 фоиз, дар истеҳсолот 53 фоиз ва дар сохтмон 43 фоиз рост меояд. Рушди соҳибкории мамлакат дар паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 80% дар соли 2003 то 32 фоиз дар соли равон мусоидат намудааст.  
Бояд зикр намуд, ки дар натиҷаи татбиқи ислоҳоти бомаром дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, ба роҳ мондани ҳамкории самаранок бо мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди  соҳибкорӣ” барои соли 2015 бори сеюм ҳамчун мамлакати беҳтарини ислоҳотгари ҷаҳон эътироф гардид.     
Бо мақсади ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар соли 2015 як силсила ҳамоишҳои иқтисодӣ  баргузор шуданд. Аз ҷумла, мизи мудаввар дар мавзӯи роҳҳои беҳтар намудани ҷалби сармоягузорӣ бо иштироки олимон ва коршиносон, бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса, нишасти дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистону Дубай, Бизнес-Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Олмон баргузор шуд.
Тибқи маълумоти мавҷуда ҷамъи умумии субъектҳои соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 сентябри соли 2015, 314 ҳазору 984  ададро ташкил мекунад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014, 31 765 адад зиёд мебошад.
Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон то 1 сентябри соли 2015 аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ташкилоти хурди қарздиҳӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ ба маблағи 8 623,8 млн. сомонӣ қарз ҷудо шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2014, 1 372,6 млн.ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

АМИТ «Ховар»: Маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда дар умум чӣ миқдор буда, кадом бахшҳои иқтисодиётро дар бар мегиранд ва аз кадом сарчашмаҳо маблағгузорӣ мешаванд?

Қодири Қосим: Маҷмӯи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 октябри соли 2015 аз 56 лоиҳа иборат мебошад, ки маблағи умумии он 15,1 млрд. сомониро ташкил дода, аз он 7,1 млрд. сомонӣ маблағҳои грантӣ мебошанд. Ин лоиҳаҳо зиёда аз 10 соҳаи гуногуни иқтисодиётро дар бар гирифтаанд. Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ дар доираи лоиҳаҳои мазкур ба рушди соҳаи маориф – 64,6 млн. сомонӣ, тандурустӣ – 25,8 млн. сомонӣ, кишоварзӣ – 47,8 млн. сомонӣ, хоҷагии об (ирригатсия) – 85,9 млн. сомонӣ, обтаъминкунӣ – 115,6 млн. сомонӣ, энергетика – 657,3 млн. сомонӣ, нақлиёт – 377,7 млн. сомонӣ,  экология/ҳолатҳои фавқулодда – 24,5 млн. сомонӣ, инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) – 15,5 млн. сомонӣ, маблағгузории хурд – 1,3 млн. сомонӣ ва дигар соҳаҳо – 20,7 млн. сомонӣ равона шудааст. Лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда асосан аз 19 манбаи маблағгузорӣ, алалхусус Бонки Осиёгии Рушд – 753,4 млн. доллари ИМА, ЭксИмБонки Чин – 609,6 млн.доллари ИМА,  Бонки ҷаҳонӣ – 233,2 млн. доллари ИМА, Бонки Исломии Рушд – 121,7 млн. доллари ИМА, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд – 107,8 млн. доллари ИМА, дигар созмонҳои байналмилалӣ – 314,2 млн. доллари ИМА, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 150,5 млн. доллари ИМА ва дигар сарчашмаҳо 45,7 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ мешаванд.  

АМИТ «Ховар»: Фаъолият дар самти ҷалб кардани сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ чӣ гуна аст? 

Қодири Қосим: Сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ аз омилҳои муҳими рушди иқтисодиёт ба шумор меравад. Кумита дар фаъолияти худ  ҷиҳати афзоиши воридоти сармоягузориҳои мустақим тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти умумии сармоягузории хориҷӣ дар шаш моҳи соли 2015,  481,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки аз он 206,4 млн. доллари ИМА сармоягузории мустақим, 275,2 млн. доллари ИМА қарзҳои аз ҷониби корхонаву ташкилот ҷалбгардида мебошанд. Бояд зикр намуд, ки воридоти сармоягузории мустақими хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,3 млн. доллари ИМА зиёд шудаааст.
Дар шаш моҳи соли 2015 ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сармояи хориҷӣ бештар аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин – 178,0 млн. долл. ИМА – 37,0 % (хизматрасонии молиявӣ, алоқа, сохтмон,  омӯзиши геологӣ ва истихроҷ, саноати сохтмонӣ, истиҳроҷ ва  истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ ва газӣ, кишоварзӣ), Озарбойҷон – 64,0 млн. долл. ИМА – 13,3% (хизматрасонии молиявӣ), Федератсияи Русия – 41,1 млн. долл. ИМА – 8,5% (хизматрасонии молиявӣ, алоқа, сохтмон, истихроҷи нафти хом ва гази табиӣ), Шоҳигарии Британиёи Кабир – 37,1 млн. долл. ИМА – 7,7% (хизматрасонии молиявӣ, саноат, омўзиши геологӣ ва истихроҷ), Фаронса – 15,6 млн. долл. ИМА – 3,2% (хизматрасонии молиявӣ, савдо, истихроҷи нафти хом ва гази табиӣ), Люксембург – 13,1 млн. долл. ИМА – 2,7% (хизматрасонии молиявӣ), Филиппин – 31,5 млн. долл. ИМА – 6,5% (хизматрасонии молиявӣ, монтажи таҷҳизоти технологӣ), Туркиё – 29,6 млн. долл. ИМА – 6,1% ва аз ҷониби дигар давлатҳо – 49,9 млн. долл. ИМА – 10,5% ворид гардидааст.
 Кумита дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ»  созишномаҳои сармоягузорӣ бо ширкати Кока-Кола Ичечек А.С. оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ғайримашруботӣ ва бо ҶДММ «Ширкати байналмилалии Чжунгтсай моҳир семент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолии семент, гаҷкартон ва халта дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба имзо расонида шуданд.
Дар давраи аввали амалишавии лоиҳаи сармоягузории сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ғайримашруботӣ ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 50 млн. долл. ИМА ва дар давраи дуюм 20 млн. доллари ИМА-ро дар бар мегирад.
Дар доираи лоиҳа зиёда аз 120 ҷойи нави кории мустақим ва то 500 ҷойи кории нави ғайримустақим ташкил шуда, иқтидори солонаи он 100 млн. литр маҳсулоти ғайримашруботиро ташкил дод.
 Бояд зикр кард, ки ҶДММ «Ширкати байналмилалии Чжунгтсай моҳир семент» дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори истеҳсолии 1,2 млн. тонна дар як сол, корхонаи истеҳсоли гаҷкартон бо иқтидори истеҳсолии 1 млн. метри мураббаъ дар як сол ва коргоҳи истеҳсоли халтаҳои семент бо иқтидори истеҳсолии 80 млн. дона дар як солро бунёд карда, барои татбиқи онҳо зиёда аз 145 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ менамояд.
Корхонаи мазкур бо истифода аз технологияҳои пешқадам ва риояи талаботи экологӣ бунёд гашта, барои 800 мутахассис ҷойҳои нави корӣ ташкил мекунад. Дар баробари ин, дар коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва варақаҳои гаҷӣ ташкили 230 ҷойи корӣ пешбинӣ шудаанд, ки корхонаҳои мазкур дар 1,5-2 соли оянда ба фаъолият оғоз менамоянд.

АМИТ Ховар: Дар мавриди раванди шарикии давлат ва бахши хусусӣ чанд сухан мегуфтед.

Қодири Қосим: Механизми шарикӣ дар бисёре аз кишварҳои мутараққӣ ҳамчун механизми самараноки ҷалби сармоя якчанд даҳсола инҷониб истифода бурда мешавад. Шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои Тоҷикистон механизми нав мебошад. Дар баробари ин, дар кишвари мо низ таҷрибаи амалӣ намудани якчанд лоиҳаҳои дорои нишонаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ мавҷуд аст. Инҳо истеҳсол ва фурӯши қувваи барқ тавассути ширкати «Помир Энерҷӣ», нигоҳубин ва идора намудани шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Чанак аз ҷониби ширкати АйЭрЭс (IRS), «Сохтмон ва идора намудани НОБ – и «Сангтӯда – 1» бо саҳми ширкати «РАО ЕЭС» — Русия дар ҳаҷми 75% тарҳи 1 аксия мебошанд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки солҳои 2012 – 2015 аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади тақвият бахшидан ба механизми шарикӣ як зумра чораҳои амалӣ андешида шуданд. Аз ҷумла, 28 декабри соли 2012 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» қабул шуд. Қонуни номбурда асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тартиби татбиқи лоиҳаҳои шарикиро дар соҳаи инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ муайян карда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии давлат ва бахши хусусиро таъмин менамояд. Гузашта аз ин, ин Қонун заминаи ҳуқуқӣ ва рушди дастурии шарикиро таъмин намуд. 3 июни соли 2013 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ муайян гардид. 2 июли соли 2013 бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ва Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ таъсис дода шуданд.
25 сентябри соли 2014 ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дастурҳои методии зеринро маъқул донист:
— оид ба омода ва амалӣ намудани лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
— оид ба таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаҳои шарикӣ;
— оид ба таъсис, ҳайат ва фаъолияти Комиссияи арзёбии пешниҳодҳои тендерии лоиҳаҳои шарикӣ. 
Ба ташкилоти фармоишгар – мақомоти марказӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тавсия дода шуд, ки ҳангоми омода ва амалӣ намудани лоиҳаҳо тибқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз дастурҳои мазкур истифода баранд.
Баҳри тақвият бахшидан ба ҷараёни татбиқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва зиёд намудани саҳми бахши хусусӣ дар рушди инфрасохтор ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ як силсила тадбирҳо андешида шудаанд. Аз ҷумла, лоиҳаҳои зерин дарёфт ва муайян гардида, аз ҷониби Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ маъқул дониста шуда, корҳо барои омода ва амалӣ намудани онҳо тибқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ идома доранд:
 — Сохтмони неругоҳҳои барқии обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ва шохобҳои он, бо иқтидори 9,2 мегаватт;
— Сохтмони Маркази наклиётию логистикӣ оид ба хизматрасонии боркашонҳои байналмилалии автомобилӣ, бо арзиши зиёда аз 14 млн. доллари ИМА;
— Барқарорсозии низоми таъмини об, бо арзиши эҳтимолии 1, 63 млн. доллари ИМА,
— «Сохтмони инфрасохтори аввалия», бо арзиши эҳтимолии 15,82 млн. доллари ИМА ва Сохтмони хати роҳи оҳан миёни истгоҳи «Спитамен» ва МОИ «Суғд», бо арзиши эҳтимолии 45,45 млн. доллари ИМА;
— Сохтмони хати интиқоли барқ ба МОИ  «Данғара», бо арзиши зиёда аз 25 млн. доллари ИМА, аз ду самт: аз НБО «Сангтӯда-1» ва аз Истгоҳи “Шар-Шар”- и НБО “Норак”, як зеристгоҳ ва ду трансфарматор;
— Таҷдиди кӯдакистони рақами 133, маркази барқу гармидиҳии Душанбе, бо арзиши эҳтимолии зиёда аз 670 ҳаз. доллари ИМА ва ғайра.

АМИТ «Ховар»: Кадом тадбирҳои зарурӣ барои боз ҳам беҳтару ҷолибтар кардани сифат ва ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ анҷом дода шуданд?  

Қодири Қосим: Бо мақсади такмили заминаи қонунгузорӣ дар самти сармоягузорӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи мулоқот бо соҳибкорон моҳи октябри соли 2014, дар назди кумита Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ” дар таҳрири нав таъсис дода шудааст. Аз ҷониби кумита лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ” дар таҳрири нав таҳия гардид, ки тибқи он бо мақсади беҳтаргардонии фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ҳарчӣ бештари сармояи мустақими хориҷӣ ба хоҷагии халқ маҳфум ва муқаррароти нав, аз ҷумла маҳфуми нави сармоягузорӣ, тартиби ҳалли баҳсҳои сармоягузорӣ, принсипи “Равзанаи ягона барои сармоягузорон” ва дигар масоили муҳим ба таври мушаххас ва васеъ пешбинӣ шудаанд, ки баъзе аз ин муқаррарот дар қонуни амалкунанда мавҷуд нестанд.
Дар ин раванд зери сарпарастии кумита бо ҷалби Ширкати байналмилалии машваратии Олмон “FICHTNER” лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қаъри замин ва истифодаи қаъри замин» дар асоси  таҷрибаи байналмилалӣ таҳия гардидааст. Ҳоло лоиҳаи қонун бо назардошти таклифҳои Гурӯҳи кории байниидоравӣ мавриди такмил қарор дошта, баъд аз баррасии ҳамаҷониба тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Аз тарафи коршиносони хориҷӣ фазои сармоягузорӣ дар мамлакати мо чӣ гуна баҳогузорӣ мешавад?

Қодири Қосим: Ҳамчун нишони эътирофи ислоҳоти назаррас оид ба беҳтар намудани шароити пешбурди соҳибкорӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни 189 кишвари ҷаҳон бо Шаҳодатномаи беҳтарин мамлакати ислоҳотгар аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ сазовор гардонида шуд. Аз ҷумла, дар соли 2015 баландшавии мавқеи мамлакат ба 11 зина, аз ҳисоби беҳтаршавии нишондиҳандаҳои бақайдгирии моликият ба 3 зина, дастрасӣ ба қарз ба  62 зина ва андозбандӣ ба 15 зина муяссар гардид. Ин ҷоиза эътимоди сармоягузорони хориҷиро барои сармоягузорӣ ба иқтисодиёти мамлакат боз ҳам қавитар месозад.

 

 

Октябрь 12, 2015 12:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар гармхона бо усулҳои муосир маҳсулот парвариш мекунанд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир менамояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 37 ҳазор метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Пешвои миллат: «Ҳамеша шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва зиндагии орому осудаи худро ба ҷо оварем»
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Сергей Лебедев: «Қазоқистон аввалин мизбони Форуми волонтёрони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад»
Сардори Хадамоти алоқа бо фаъолияти ширкати «МегаФон Тоҷикистон» шинос шуд
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН. Наврасони Душанбе худро ситораи футбол эҳсос карданд
Имрӯз дар дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар баъзе аз хоҷагиҳои таҷрибавии шаҳри Ҳисор риоя нагардидани қоидаҳои агротехникаи парвариш мушоҳида мегардад