Ҷоми Тоҷикистон: Боз Истиқлол ва Регар ТадАЗ дар финал

Октябрь 2, 2015 03:58

Душанбе, 02.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар бозии баргашти нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дастаи Регари ТадАЗ дар  варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода бо КМВА Помир вохӯрда, бо натиҷаи 3 бар 1 пирӯз шуд ва ба бозии ниҳоии Ҷоми кишвар роҳхат гирифт. Бозии аввали ин дастаҳо дар шаҳри Душанбе  бо натичаи мусовии 0 бар 0 ба анҷом расида буд. Голҳоро дар ин вохӯрӣ Комил Саидов, Комрон Турсунов, Нозим Бобоҷонов (пеналтӣ) аз тими соҳибони майдон ва Сайёди Ковусшо ба ҳадаф расониданд. Акнун маротибаи панҷум мешавад, ки дар вохӯрии ниҳоӣ дастаҳои  Истиқлол ва Регар ТадАЗ бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд. Ёдрас мешавем, ки бозии ниҳоӣ бо ширкати ин дастаҳо рӯзи 25 октябр дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб барпо мегардад. 

Октябрь 2, 2015 03:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст