Озодсозии минтақаҳо аз ихтиёри террористҳои ДИИШ оғоз гардид
Душанбе, 09.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Мақомоти баландпояи артиши Сурия аз тақвияти ҷабҳаи муқовимат аз заиф гардидани террористҳои ДИИШ дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Русия хабар доданд.
Хабаргузории расмии Сурия «Сано» ба нақл аз сарлашкар Алӣ Абдуллоҳ Айюб, раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Сурия гузориш дод, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба зерсохторҳои ДИИШ ва заиф гардидани ин гурўҳи террористӣ, неруҳои мусаллаҳи Сурия ташаббусро ба даст гирифтанд.
Бар асоси ин гузориш, бо боло рафтани тавони таҷҳизотии артиш ва шаклгирии «Лашкари ҳуҷумии чорум», неруҳои мусаллаҳи Сурия ҳамлаҳои густардаи худро барои озодсозии минтақаҳое, ки таҳти ихтиёри террористҳо қарор доранд,оғоз карданд.
Дар ҳамин ҳол тибқи гузориши «Ал-Ғадир»-и Ироқ Артиши Сурия рўзи гузашта бо пуштибонии неруҳои ҳавоии ин кишвар ва ҳавопаймоҳои Русия шаҳракҳои Латмин, Маъракаба, Атшон, Ал-Ҳавир, Ал-Муғир, Тал-Ассухр ва Тал-Усмон-ро дар шаҳри Ҳумои ин кишвар озод карданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






