Панҷакент: ҷалби аҳолӣ ба курсҳои касбомӯзӣ

Октябрь 17, 2015 07:54

Панҷакент, 17.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-   Дар давоми соли равон масъулони мақомоти шуғли аҳолӣ дар шаҳри Панҷакент беш аз 250 нафарро ба курсҳои касбомӯзӣ ҷалб намуданд.
Тавре ки аз Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ хабар доданд, бо мусоидати мақомоти шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент дар ин давра беш аз 200 нафар бо ҷои кор таъмин шуд.
Бо вуҷуди ин гуфта шуд, ки ҳоло дар муассисаву ташкилоти шаҳр 102 ҷои корӣ мавҷуд аст ва шаҳрвандон бо муроҷиат ба роҳбарияти ташкилоту муассисаҳо метавонанд барои худ ҷои кор пайдо намоянд.

 

Октябрь 17, 2015 07:54

Хабарҳои дигари ин бахш