Панҷакент: ҷамъоварии маҳсулот идома дорад

Октябрь 29, 2015 11:35

Панҷакент, 29.11.2015.  (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Панҷакент то имрӯз 13 ҳазору 935 тонна  ғалладона,  62 ҳазору 615 тонна картошка, 11,5 тонна асал, 42 ҳазору 732 тонна сабзавот ва 5680 тонна  мева ҷамъоварӣ шудааст.  Ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ дар 14 ҷамоати ноҳия идома дорад. 
Ба иттилои масъулин дар назар аст кишоварзон то саршавии сармо ҷамъоварии ҳосилро ба анҷом расонида,  нақшаи кишти ғалладонаи тирамоҳиро низ ба охир расонанд.

 

Октябрь 29, 2015 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш