Пешниҳоди филмҳои донишҷӯёни тоҷик ба озмуни “Бастау”
Душанбе, 19.10.2015. (АМИТ «Ховар ).-Бо ибтикори ректорат ва кафедраи режиссураи факултаи фарҳангшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бори нахуст ду филми шогирдони ин донишкада бо номҳои “Хобидан мехоҳам” ва “Гули бахт” пешкаши устодону муҳассилини ин даргоҳ ва меҳмонон гардид.
Тавре ки иттилоъ дода шуд, аллакай ин ду филм барои иштирок ба ҷашнвораи кинофестивали байналхалқии донишҷӯён- “Бастау” (“Сароғоз”) — и Ҷумҳурии Қазоқистон пешниҳод гардидааст, ки ин ҷашнвора аз 20- ум то 25- уми октябри соли равон идома мекунад.
Филми “Хобидан мехоҳам” ба мавзӯи муҳоҷират рабт дорад ва сӯйистифода аз меҳнати ҷисмонии наврасонро мазаммат намудааст.
“Гули бахт” низ бозгӯи масъалаҳои иҷтимоист ва ҳаёти як ҷавонзани муҷарради тоҷикро инъикос менамояд, ки дар ниҳояти кор ба хотири парасторӣ кардани ду наврас падари онҳоро ба ҳамсарӣ қабул менамояд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






