Пешниҳоди сарвазири Ироқ
Душанбе, 02.10.15. (АМИТ «Ховар»). – Сарвазири Ироқ Ҳайдар ал – Абадӣ пешниҳод намуд, ки қувваҳои эътилоф бо иштироки Русия ва Эрон дар муборизаи зидди гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» дар қаламрави Ироқ ҳам истифода шаванд. Суханони ин сиёсатмадор дар аккаунт (сабти қайдҳо) — и журналисти шабакаи телевизионии France 24 Марк Перелман оварда шудаанд.
«Мо аз дастгирии пурраи ҳарбии ИМА ҷиҳати мубориза бо ДИ бархӯрдор нестем, барои мо эътилофи васеъ бо иштироки Русия ва Эрон зарур аст», — гуфт Ҳайдар ал – Абадӣ.
Ба гуфтаи сарвазири Ироқ, президенти Русия Владимир Путин ба ӯ гуфтааст, ки Русия дар Сурия зидди террористон мубориза мебарад. «Ман ба ӯ бовар дорам», — қайд намуд роҳбари ҳукумат. Сиёсатмадор изҳор дошт, ки ба иштироки авиатсияи Русия дар набарди ҳавоӣ дар қаламрави кишвараш зидди ДИ омодааст.
Дар ВКХ Русия ҷавобан ба ин хабар доданд, ки Маскав дар сурати расидани дархости дахлдор хоҳиши Бағдодро дар бораи ёрии ҳарбӣ арзёбӣ мекунад.
«Мо бояд муроҷиати дахлдори ҳукумати Ироқ ё қатъномаи Шӯрои Амниятро, ки қабули он ба андозаи зиёд вобаста ба хоҳишу ризоияти ҳукумати Ироқ аст, дошта бошем. Матлубияти ҳам сиёсию ҳам ҳарбӣ вобаста ба мавҷудияти чунин асосҳои кифоткунанда аст», — гуфт намояндаи ВКХ Иля Рогачёв, хабар медиҳад РИА Новости.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






