Покистон байни Душанбеву Исломобод роҳи ҳавоиро тавассути Кобул ба роҳ мемонад
Душанбе, 29.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-Покистон тасмим дорад дар оянда хатсайри ҳавоиро байни Душанбе ва Исломобод тавассути Кобул ба роҳ монад. Ин матлаб имрӯз зимни баргузории анҷумани доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон дар Душанбе зикр гардид. Дар анҷуман, ки масъулини палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва шаҳри Равалпиндии Покистон, Сафорати Покистон дар Душанбе ва доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Покистон ширкат доштанд, доир ба имкониятҳо ва фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назар карда шуд.
Манзура Рустамова -муовини раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар дар ҳамоиш роҷеъ ба имкониятҳои иқтисодию тиҷоратӣ, низоми қонунгузорӣ дар бахши ҷалби сармояи хориҷӣ ва дигар зарфиятҳои фазои сармоягузории Тоҷикистон ибрози назар намуд. Мавсуф зикр кард, ки иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити кунунӣ ниёз ба рушд дорад. Бахусус бобати рушди бахшҳои афзалиятноки кишвар: гидроэнергетика, кишоварзӣ, туризм, тандурустӣ, маориф, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, алалхусус сангҳои қимматбаҳо, рушди ҳунарҳои дастӣ, воридоти таҷҳизоту технологияи муосир, ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ ва тавлидотӣ маҳсулоти бозоргиру рақобатпазир ба сармоягузорони хориҷӣ эҳтиёҷ дорад. Дар кишвари мо дар бахши сармоягузорӣ тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шуда, алҳол дар Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ- Суғд, Панҷ, Данғара ва Ишкошим фаъолият доранд,- таъкид кард Манзура Рустамова.
Дар ҳамоиш ҳамзамон Тариқ Иқбол Сумро-Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳумоюн Парвиз — президенти Палатаи савдо ва саноати шаҳри Равалпиндӣ доир ба таҳкими равобити иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон ва ҷалби доираҳои тиҷоратии ҳар ду кишвар дар самти ҳамкории мутақобилан судманд ибрози назар карданд.
Дар анҷумани доираҳои соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Покистон фаъолияти Палатаи савдо ва саноати шаҳри Равалпиндии Покистон дар самти таҳкими ҳамкории минтақавӣ, инчунин масоили ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории ду кишвар дар самти таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ матраҳ гардид. Ҳамзамон бархе аз ширкатҳои покистонӣ муаррифӣ гардиданд. Интизор меравад байни соҳибкорони тоҷику покистонӣ созишномаҳо бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд имзо шаванд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






