Президенти Тоҷикистон: Рушди соҳибкорӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон мебошад
Душанбе, 14.10.2015 (АМИТ «Ховар»). — Барои пешбурди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя, ки аз самтҳои муҳими фаъолияти иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон дониста мешавад, як қатор ислоҳот анҷом дода шудаанд, ки барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, кам кардани монеаҳои маъмурӣ ва дахолати давлат ба фаъолияти хоҷагидории субъектҳои соҳибкорӣ равона гардидаанд, — изҳор намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба иштирокдорони Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015.
Барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешида шуда, дар кишвар шароити озоди рақобат фароҳам оварда шудааст ва аз лиҳози ҳимояи ҳуқуқӣ байни шахсони ҳуқуқиву воқеии дохилӣ ва хориҷӣ ягон фарқияти ҷиддӣ вуҷуд надорад, — таъкид дошт Сарвари давлат.
Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» субҳи имрӯз дар Кохи Борбад оғоз шуда, бо иштироки соҳибкорону сармоягузорон, намояндагони ташкилоти бонуфузи байналмилалии молиявӣ, олимону коршиносон ва меҳмонони хориҷӣ идома дорад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






