Рӯзҳои истироҳат офтобӣ мешаванд

Октябрь 23, 2015 06:44

Душанбе, 23.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз,  23  октябр,  дар  саросари  Тоҷикистон ҳаво тағйир  ёфта,  борони  кӯтоҳмуддат борида,  ҳаво  14 —  16  дараҷа  гарм  мешавад. 
24  ва  25  октябр ҳавои  соф  дар назар  буда,  ҳаво  шабона 6 — 8  дараҷа  ва  рӯзона 15 — 17  дараҷа  гарм  мешавад. 
Рӯзҳои  истироҳат  ҳаво дар  ноҳияҳои  тобеи  марказ  шабона 9 — 11 дараҷа,  рӯзона  15 — 18  дараҷа, вилояти  Хатлон  шабона  9 — 11  дараҷа,  рӯзона  15 — 18  дараҷа, дар  водиҳои  вилояти  Суғд шабона 8 — 9 дараҷа,  рӯзона  13 — 15  дараҷа, дар  ғарби  ВМКБ  шабона 5 — 7  дараҷа,  рӯзона  13- 15  дараҷа   гарм  дар  шарқи  он  шабона  0 — 5  дараҷа хунук,  рӯзона  5 — 7  дараҷа  гарм  ва   дар  шаҳри  Душанбе шабона  9 — 11  дараҷа  ва  рӯзона 17 — 19  дараҷа  гарм  мешавад.

Октябрь 23, 2015 06:44

Хабарҳои дигари ин бахш