Радиои FM Ховар дар Хуҷанд фаъол гардид

Октябрь 12, 2015 04:47

Душанбе, 12.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз Радиои FM Ховар дар мавҷи 91,5 FM дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов  ва навоҳии  Бобоҷон  Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен фаъол гардид. Акнун сокинони шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофи он  имкон доранд аз шунидани барномаҳои иттилоотиву маърифатӣ ва фароғатии ин радио бархурдор бошанд. 
То имрӯз мавҷи  радиои Ховар  фарогири  шаҳрҳои  Душанбе,  Қурғонтеппа, Кӯлоб ва  навоҳии атрофи ин шаҳрҳо  буд ва инак он дар шаҳри Хуҷанду навоҳии атрофи он танинандоз гардид. 
 «FM Ховар» — радиои  иттилоотӣ — мусиқӣ  буда,  дар  он  ахбор  мавқеи  хосса  дорад  ва  ҳамарӯза аз  соати  7:00  то  24:00 дар ҳар  ним  соат  ахбори  фаврию расмӣ, дақиқу муътамад ва гузоришҳои муҳим бо забонҳои  тоҷикию русӣ пахш  мешаванд. 
Радиои  «FM Ховар»  дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он рӯи  мавҷи  101,5 FM  садо  медиҳад. Бояд  гуфт,  ин  радиоро  дар  тамоми  рӯи  олам аз тариқи  шабакаи  ҷаҳонии  интернет  дар  сомонаи  www.khovar.tj  шунидан  мумкин  аст,  ки  ин  иқдом  дар  таърихи  радиои  кишвар  аввалин маротиба  аз ҷониби «FM Ховар» ба  роҳ  монда  шудааст.  
Ба самъи шунавандагони азиз мерасонем, ки ба наздикӣ мавҷи Радиои Ховар дар шаҳри Хоруғ низ пахш хоҳад шуд.
Шиори Радиои мо-  бо Ховар бошу бехабар намон!

 

Октябрь 12, 2015 04:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст