Раиси Шӯрои уламои Покистон: Дар Ислом экстремизм ва терроризм вуҷуд надорад

Октябрь 2, 2015 06:44

Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон ҲНИТ созмони террористӣ эълон гашта, фаъолияти он дар қаламрави кишвар манъ карда шуд. Вобаста ба ин қарор ҳам аз дохили кишвар ва ҳам берун аз он муроҷиатномаю ҳамовозиҳо мерасанд.
 Ҳофиз Муҳаммад Тоҳир Маҳмуд Ашрафӣ, раиси Шӯрои уламои Покистон ва раиси Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии муносибатҳои байнидинӣ (IFHCI) дар як муроҷиати хеш вобаста ба ин қарори ахир аз ҷумла гуфтааст: «Баъд аз ҷустуҷӯ ва мутолиаи расонаҳои хабарӣ нисбат ба ҲНИТ чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки онҳо ҷиҳати ба даст овардани бовари мардуми тоҷик ва пиёда сохтани мақсадҳои ғаразноки хеш номи Исломро моҳирона истифода бурдаанд. Шӯрои уламои Покистон бовар дорад, ки дар Ислом экстремизм ва терроризм вуҷуд надорад. Чуноне, ки дар ҳодисаҳои охир дар Тоҷикистон мушоҳида кардан мумкин аст, ки аъзои ин ҳизб ба якчанд идораи давлатӣ ҳамлаи мусаллаҳона намуданд ва зимни он нафарони бегуноҳ вафот карданд. Ба ягон шахс ё гурӯҳ барои куштори нафарони бегуноҳ ваколат дода нашудааст. Шӯрои уламои Покистон дар он ақида аст, ки амалҳои зӯроварӣ ва ифротии чунин созмонҳо таҳқир ба донишҳои исломӣ мебошанд ва бовар дорад, ки қатли одамони бегуноҳ ин бадбахтӣ аст». 
Тоҳир Маҳмуд Ашрафӣ зикр намудааст, ки ҳоло дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан дар кишварҳои исломӣ раванди босуръати ба ислом рӯй овардани ҷавонон рафта истодааст. Вай бо як таассуф гуфт, ки як қисмати онҳо дар зери таъсир ва нуфузи ҳаракату гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва террористӣ қарор мегиранд. Бад ин васила, онҳо бо истифода аз номи дини мубини Ислом ба куштори одамон ва зӯроварӣ машғул мебошанд. Шӯрои уламои Покистон он ҳаракату гурӯҳҳои дохилию  беруниро, ки дар зери парчами дини Ислом ба қатлу куштор ва амалҳои террористӣ даст зада, таҳдид ба сулҳу амният мебошанд, қотеъона маҳкум менамояд. 
Илова бар ин, номбурда нисбат ба фаъолияти ҷанговарони Давлати Исломии Ироқу Шом, ки дар ҳайати он ҷавонон аз тамоми кишварҳо дохил мебошанду амали онҳо ба минтақаи Осиё ва Осиёи Марказӣ таҳдиди бузург дорад, изҳори ташвиш намуд. Ҳамзамон овезон шудани парчами ДИИШ аз ҷониби чанде аз тарафдорони ҲНИТ дар минтақаҳои Тоҷикистон ва дар сафи ин созмони террористӣ ҷангидани аъзои он нигаронии амиқро пеш оварда,  онҳоро маҳкум сохтааст. Ва аз ҷониби Додгоҳи Олии кишвар созмони террористӣ эълон шудани ин ҳизбро айни муддао донист. Раиси Шӯрои уламои Покистон дар пайи маҳкумсозии терроризму ифротгароӣ афзуд, ки ҷавонҳо бояд дар доираи ҳақиқати суннату ояҳои Қуръон амал кунанду фирефта нашаванд. Аз ҳамин лиҳоз, Шӯрои уламои Покистон ба мардум ва ҷавонони кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки бо ягон гурӯҳи тундгаро, ки таълимот ва амали онҳо бар зидди таълимоти дини Ислом ва Муҳаммад пайғамбар равона шудааст, ҳамкорӣ накунанд. 
 Ин олими дин гуфт, ки чанд моҳ пеш ҷиҳати ширкат дар як конфронс аз Тоҷикистон дидан кардааст ва қабл аз сафараш вобаста ба озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон назари дигар дошта буд ва баъд аз шиносоӣ бо вазъи воқеӣ ва дидору гуфтугӯ бо уламои дин дар Тоҷикистон пиндори қаблиаш дар бораи сиёсати роҳбарияти олии кишвар, Ҳукумат ва мардуми тоҷик тағйир кардааст. Номбурда бовар надоштааст, ки дар Тоҷикистон Ислом аз эътибору пуштибонии амиқ бархурдор буда, барои мусулмонони кишвар тамоми шароит барои адои фароизи динӣ муҳайёст. Иқдомоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба гиромидошти арзишҳо, бузургдошти шахсиятҳои барҷастаи олами ислом. чун Имоми Аъзам, Имом Бухориву дигарон, пуштибонӣ аз дини мубини ислом дар Созмони Милали Муттаҳид баёнгари ин гуфтаҳост. 

 

Октябрь 2, 2015 06:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1247 то 0.1240 сомонӣ муқаррар шудааст
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар гармхона бо усулҳои муосир маҳсулот парвариш мекунанд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир менамояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 37 ҳазор метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Пешвои миллат: «Ҳамеша шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва зиндагии орому осудаи худро ба ҷо оварем»
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Сергей Лебедев: «Қазоқистон аввалин мизбони Форуми волонтёрони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад»
Сардори Хадамоти алоқа бо фаъолияти ширкати «МегаФон Тоҷикистон» шинос шуд
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН. Наврасони Душанбе худро ситораи футбол эҳсос карданд
Имрӯз дар дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад