Рашт: Ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ

Октябрь 13, 2015 05:05

Рашт, 13.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рашт дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия байни ҷавонон дар якҷоягӣ  бо  масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ   вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳиро  ҷиҳати пешгирии  шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ  ва кам гардидани  сафи ҷинояткории ҷавонон мегузаронад.
 Инчунин  барои хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳия ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ саёҳат ташкил намуданд, ки толибилмон зимни он аз қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия  дидан карда, бо шароити хизмат  ва буду боши сарбозон аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.

Октябрь 13, 2015 05:05

Хабарҳои дигари ин бахш