Роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои ИДМ дар Маскав ҷамъ меоянд
Душанбе, 28.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Маскав ҷаласаи 39 — уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Тавре ки дар кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд, иштирокдорони ҷаласа перомуни муқовимат ба идеологияи терроризм табодули афкор намуда, масоили ҳамкорӣ дар амри ошкор намудани ашхоси дар амалиётҳои ҷангӣ ва тахриботию террористӣ ширкатдошта дар қаламрави Сурия ва Афғонистон, ҳамчунин ҷилавгирии фаъолияти ғайриқонунии онҳоро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
Муҳокимаи тартиби табодули мутақобилаи афкор дар бораи хавфи сар задани дахолати ғайриқонунии дорои хусусияти террористӣ, фаъолияти воҳидҳои инфрасохтори нақлиётии миёни мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои ИДМ низ дар назар аст.
Лоиҳаҳои Барномаи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар мубориза бар зидди терроризм ва зуҳуроти дигари зӯроварии ифротталабӣ барои солҳои 2017 — 2019 ва Созишнома дар бораи табодули ахборот дар бахши мубориза бо терроризм ва зуҳуроти дигари зӯроварии ифротталабӣ, ҳамчунин маблағгузории онҳо баррасӣ мешаванд.
Роҳбарони ҳайатҳои мақомоти амният ва хадамоти махсуси иштироккунандаи ҷаласаро ба ҳузур пазируфтани Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар назар аст.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






