Роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои ИДМ дар Маскав ҷамъ меоянд

Октябрь 28, 2015 06:55

Душанбе, 28.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар  шаҳри  Маскав ҷаласаи  39 — уми Шӯрои  роҳбарони  мақомоти  амният  ва хадамоти  махсуси  давлатҳои  аъзои Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил  баргузор  мегардад. 
Тавре  ки   дар кумитаи  иҷроияи  ИДМ хабар  доданд,  иштирокдорони  ҷаласа  перомуни  муқовимат  ба  идеологияи  терроризм  табодули  афкор  намуда,  масоили ҳамкорӣ  дар амри ошкор  намудани ашхоси дар  амалиётҳои ҷангӣ  ва тахриботию  террористӣ  ширкатдошта дар  қаламрави  Сурия  ва  Афғонистон,  ҳамчунин  ҷилавгирии  фаъолияти  ғайриқонунии  онҳоро  мавриди  муҳокима  қарор  медиҳанд. 
Муҳокимаи  тартиби табодули  мутақобилаи  афкор  дар  бораи  хавфи сар  задани дахолати ғайриқонунии  дорои хусусияти  террористӣ, фаъолияти воҳидҳои инфрасохтори нақлиётии  миёни  мақомоти  амният  ва хадамоти  махсуси  давлатҳои  аъзои  ИДМ  низ  дар  назар  аст. 
Лоиҳаҳои Барномаи  ҳамкории  давлатҳои  аъзои ИДМ  дар  мубориза бар  зидди  терроризм  ва  зуҳуроти  дигари  зӯроварии ифротталабӣ барои  солҳои  2017 — 2019 ва Созишнома дар  бораи табодули ахборот  дар  бахши  мубориза бо терроризм  ва  зуҳуроти  дигари  зӯроварии  ифротталабӣ, ҳамчунин  маблағгузории онҳо баррасӣ  мешаванд.
Роҳбарони ҳайатҳои  мақомоти  амният  ва хадамоти  махсуси иштироккунандаи ҷаласаро ба  ҳузур  пазируфтани Президенти Федератсияи  Русия  Владимир  Путин  дар назар  аст.

Октябрь 28, 2015 06:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд