Роберт Гейтс: Сиёсати Амрико дар Сурия «девонагӣ» аст

Октябрь 21, 2015 03:19

Душанбе, 21.10.2015. (АМИТ «Ховар).-Роберт Гейтс, вазири дифои собиқи Амрико сиёсатҳои давлати ин кишвар дар Сурияро «девонагӣ» хонд. Бинобар гузориши «Пресс ТВ», Гейтс дар гуфтугўи телевизионӣ бо «Фокс Нюс» гуфт: «Ба назари ман тарҳи омўзиши афроди хориҷ аз Амрико ва равон кардани онҳо барои ҷанг комилан девонагӣ аст ва корсоз нахоҳад буд».
Вай ҳамчунин аз барномаи Пентагон барои омўзиши пайкорҷўёни мухолифи давлати Сурия ва харҷи 500 миллион доллар барои ин тарҳ ба шиддат интиқод кард. Теъдоди пайкорҷўёни омўзишдида дар ин тарҳ камтар аз 10 нафар аст. Вазири дифои пешини Амрико гуфт: «Аз шахси хосе ном намебарам, аммо ба назар мерасад афроде дар Кохи Сафед ҳастанд, ки  ҳамвора Обамаро таҳрик мекунанд ва ба ў мегўянд артиш ба дунболи маҳдуд кардани вай аст». Гейтс идома дод. ин афрод ба Обама мегўянд: «Артиш мехоҳад барои ту мушкилӣ эҷод кунад, мехоҳад туро маҷбур ба анҷоми коре кунад, ки моил ба иҷрои он нестӣ».
Бар асоси гузориши Пентагон шумори зиёде аз ҳудуди 100 нафари мухолифи давлати Сурия пас аз омўзиш ва ворид шудан ба минтақаи ҷангӣ аз гурўҳҳои Аннусра фирор карданд ва теъдоде аз ин нафарон силоҳҳои худро ба гурўҳи террористии вобаста ба Алқоида доданд. 
Пентагон рўзи душанбеи ҳафтаи гузашта бинобар хабаргузории «Пресс ТВ»  панҷоҳ тонна силоҳ ва таҷҳизоти ҷангӣ барои мухолифони давлати Сурия ирсол кардааст.

 

Октябрь 21, 2015 03:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст