Роберт Гейтс: Сиёсати Амрико дар Сурия «девонагӣ» аст
Душанбе, 21.10.2015. (АМИТ «Ховар).-Роберт Гейтс, вазири дифои собиқи Амрико сиёсатҳои давлати ин кишвар дар Сурияро «девонагӣ» хонд. Бинобар гузориши «Пресс ТВ», Гейтс дар гуфтугўи телевизионӣ бо «Фокс Нюс» гуфт: «Ба назари ман тарҳи омўзиши афроди хориҷ аз Амрико ва равон кардани онҳо барои ҷанг комилан девонагӣ аст ва корсоз нахоҳад буд».
Вай ҳамчунин аз барномаи Пентагон барои омўзиши пайкорҷўёни мухолифи давлати Сурия ва харҷи 500 миллион доллар барои ин тарҳ ба шиддат интиқод кард. Теъдоди пайкорҷўёни омўзишдида дар ин тарҳ камтар аз 10 нафар аст. Вазири дифои пешини Амрико гуфт: «Аз шахси хосе ном намебарам, аммо ба назар мерасад афроде дар Кохи Сафед ҳастанд, ки ҳамвора Обамаро таҳрик мекунанд ва ба ў мегўянд артиш ба дунболи маҳдуд кардани вай аст». Гейтс идома дод. ин афрод ба Обама мегўянд: «Артиш мехоҳад барои ту мушкилӣ эҷод кунад, мехоҳад туро маҷбур ба анҷоми коре кунад, ки моил ба иҷрои он нестӣ».
Бар асоси гузориши Пентагон шумори зиёде аз ҳудуди 100 нафари мухолифи давлати Сурия пас аз омўзиш ва ворид шудан ба минтақаи ҷангӣ аз гурўҳҳои Аннусра фирор карданд ва теъдоде аз ин нафарон силоҳҳои худро ба гурўҳи террористии вобаста ба Алқоида доданд.
Пентагон рўзи душанбеи ҳафтаи гузашта бинобар хабаргузории «Пресс ТВ» панҷоҳ тонна силоҳ ва таҷҳизоти ҷангӣ барои мухолифони давлати Сурия ирсол кардааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






