Садама боиси фавти ронанда шуд

Октябрь 17, 2015 05:35

Душанбе, 17.10. 2015 (АМИТ “Ховар”). — Дирӯз, 16-уми октябри соли равон, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, сокини 58-солаи шаҳри Норак, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди самти ноҳияи Ёвон ба тарафи деҳаи Чормағзак, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳусейнови ноҳияи Ёвон аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба чуқурии 47 метр чаппа шудааст. Дар натиҷа  ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона фавтидааст. 

 

 

Октябрь 17, 2015 05:35

Хабарҳои дигари ин бахш