“Садои равшани субҳ” -баргузида аз сурудаҳои шоирони форсизабони Эрон
Душанбе, 20.10.2015. (АМИТ «Ховар ).-“Нашриёти Бухоро” бо ташаббуси Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон китоберо таҳти унвони “Садои равшани субҳ” аз чоп баровард.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, “Садои равшани субҳ” баргузидае аз сурудаҳои шоирони форсизабони муосири Эрон мебошад, ки гирдоварӣ ва таҳияи ин асари гаронқадрро Маркази густариши забони форсӣ бар уҳда дошта, аз ҷониби корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Муҳаммаднабӣ Баёнӣ аз хатти форсӣ ба сириллик баргардон шудааст.
Китоби мазкур аз 118 сафҳа иборат буда, дар бораи ҳаёт ва осори 55 шоири муосири Эрон маълумот медиҳад. Ҳамзамон намунае аз ашъори ҳар як шоир оварда шудааст.
“Садои равшани субҳ” барои боз ҳам густариш ёфтани муносибатҳои адабии ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабон мусоидат менамояд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






