Сарвари давлат сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ-ро ба ҳузур пазируфт
Душанбе, 30.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои ширкат дар ҳамоиши навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот атрофи масоили рӯзномаи ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз таъсири манфии бӯҳрони иқтисодию молиявӣ ва сиёсию амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон таъкид дошт: “Ба андешаи мо, дар баробари нигоҳ доштани робитаҳои гуногунпаҳлӯ, ИДМ рушди ҳамкории иқтисодӣ ва амниятиро бояд чун самти афзалиятноки фаъолияти минбаъдаи худ муайян намояд”.
Таваҷҷуҳи зиёд ба авзои кунунӣ дар шимоли Афғонистон ва таъсири эҳтимолии он ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва сарҳадоти ҷанубии иттиҳод зоҳир гардид.
Иштирокдорони мулоқот доир ба аксари масоили вобаста ба рушди ҳамкории гуногунпаҳлӯ дар доираи ИДМ изҳори ҳамфикрӣ намуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






