Ширкатҳои Тайван соҳибкорони тоҷикро бо маҳсулоти худ ошно месозанд

Октябрь 7, 2015 04:22

Душанбе, 07.10.15. (АМИТ «Ховар»). — 16  октябр  дар  шаҳри  Душанбе аввалин  форуми тиҷоратии  ширкатҳои  Тайван  бо  соҳибкорони  Тоҷикистон баргузор  мегардад. 
Соҳибкорони  Тайван хелҳои гуногуни  маҳсулоташонро ба соҳибкорони тоҷик арза  медоранд. 
Ширкатҳои тиҷоратӣ ҳамчунин мошину таҷҳизот,  қисмҳои  эҳтиётии онҳо, асбобҳои  дастӣ,  дастгоҳҳои  харротӣ,  системаҳои обёрӣ, обполҳо, манбаъҳои  тағзияи муттасил ва  ғайраро пешниҳод  мекунанд. 
Дар  ҳошияи  форум намоишгоҳи амволи  ширкатҳои  Тайван  доир  мегардад.

 

Октябрь 7, 2015 04:22

Хабарҳои дигари ин бахш