Шукурҷон Зуҳуров ва Кабибулла Жакупов масъалаи тақвияти ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд
Душанбе, 06.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар ҳошияи иштирок дар ҳамоиши байналмилалии «Дурнамои иқтисоди АвруОсиё» сурат гирифт, бо ҳамтои қазоқи худ Кабибулла Жакупов дидору гуфтугў кард.
Тавре ки котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Остона хабар дод, Шукурҷон Зуҳуров нахуст ба ҷаноби Жакипов барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозии самимиаш аз ҳайати тоҷикистонӣ ва баргузории Ҳамоиши байналмилалӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки ҳайати парлумонии кишвари мо бо таассуроти наҷибе аз шаҳри зебои Остона ба ватани худ бармегардад.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи густариши ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон, қабл аз ҳама, дар соҳаи парлумонӣ ва дигар бахшҳо баррасӣ гардид.
Шукурҷон Зуҳуров изҳори умедворӣ кард, ки баргузории ҳамоиши мазкур бори дигар нияту ормонҳои моро дар самти тараққӣ додани ҳамкории ҳарчи бештари кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бароварда месозад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ин иттиҳод ҳамеша барои рушди муносиботи худ бо ҳамаи мамлакатҳои аъзои он талош менамояд ва дар навбати худ алоқаманди тақвияти муносибот бо ин кишварҳо дар доираи дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мебошад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон натоиҷи бадастомада байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон зимни сафари расмии Президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев ба шаҳри Душанбе дар 14 сентябри соли ҷориро, ки дар доираи он байни Тоҷикистону Қазоқистон шаш санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид, қадами ҷиддӣ ва заминаи мусоид барои таҳкими муносиботи дуҷониба дар тамоми арсаҳо арзёбӣ намуд.
Шукурҷон Зуҳуров Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистонро, ки аз тарафи президентҳои ду кишвари дӯст — Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев ба имзо расид, барои ҳарду ҷониб дастоварди муҳим ва санади эътимодбахш маънидод кард. «Мо аз ҳамкорӣ ва муносиботе, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамаи бахшҳо вуҷуд доранд, қаноатманд ҳастем ва ба имзо расидани Аҳдномаи шарикии стратегӣ байни Душанбе ва Остонаро барои эҷоди пайванди ногусастанӣ байни ду ҷумҳурӣ муҳим медонем», — гуфт раиси Маҷлиси намояндагон.
Раиси Маҷлиси Парламенти Қазоқистон Кабибулла Жакупов аз мавҷуд будани равобити ҳасана байни кишвараш ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи арсаҳо ибрози хушнудӣ карда, ин муваффақиятҳоро намунаи доштани робитаи нек ва дўстонаи Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев донист.
Мавсуф таъкид кард, ки хушбахтона, дар заминаи ин муносиботи нек, ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Қазоқистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Вохӯриҳои намояндагони парлумонҳои ҳар ду кишвар метавонанд заминаҳои ин равобитро боз ҳам бештар созад.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дар бораи дурнамои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳанг ва дигар арсаҳо табодули назар карда шуд.
Тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаи муҳоҷират, вазъи минтақа ва ҷаҳон, хусусан, вазъияти Афғонистон ва Ховари Миёна, мубориза ба муқобили ҳар гуна падидаҳои номатлуб низ дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор дошт.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






