Қӯшунҳои Сурия дар ҷараёни хамла ба масофаи 70 км пеш рафтанд

Октябрь 8, 2015 04:42

Душанбе, 08.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзи  чоршанбе  қӯшунҳои   Сурия   бо  дастгирии  дастаҳои  ихтиёриёни  халқӣ  дар  музофоти  Ҳома  ба  ҳуҷум  гузаштанд. Тавре ки  шабакаи  телевизионии «Ал — Манор»  хабар  дод, амалиёти  ҳарбӣ  дар  200 километрии қисми  шимолии  шаҳри  Димишқ  баъди зарбаҳои  судманди Қувваҳои  ҳарбии кайҳонии  Русия  ба  мавқеъҳои  дастаҳои  душман  имконпазир  гардид. Мувофиқи  маълумоти  шабакаи  мазкур,  ҷанговарони  қувваҳои  ҳукуматӣ  тайи  як  шабонарӯз ба  масофаи  70  километр  сӯи   шаҳри Ҳома  пеш  рафтанд. 
Қисмҳои  пешсаф  ба  шаҳри  Ал — Латамана ҳамла  меоранд, ки истеҳкомҳои гурӯҳҳои  ифротиёни «Ҷабҳат  ан — Нусра» ва «Аҳрор аш — Шом» дар  он  ҷо воқеъанд.
Тавре  ки  шабакаи  телевизионии  «Ал — Манор»  хабар  медиҳад, муҳорибаҳо  басо  пуршиддат  буда, ҷонибҳо  тӯпу  техникаи  зиреҳпӯшро истифода  мекунанд. Дар  баъзе қитъаҳои  ҷабҳа  душман  ба  ҳарос  омада, қувваҳояшро  сӯи  минтақаҳои  ҷанубии  музофоти  Идлиб  мебарад.

 

Октябрь 8, 2015 04:42

Хабарҳои дигари ин бахш