Симпозиуми байналмилалии илмии «Нақши Ҳисор дар таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ»
Душанбе, 22.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Рӯзи 22 октябри соли 2015 бо ибтикори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Ҳисор бахшида ба 3000-солагии фарҳанги Ҳисор дар қасри фарҳанги ноҳияи Ҳисор Симпозиуми байналмилалии илмии «Нақши Ҳисор дар таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ» доир гардид.
Дар кори он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, раиси ноҳияи Ҳисор Раҳмонзода Усмони Сабз, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, меҳмонон — профессор Франсис Ришар (Фаронса), номзади илми таърих, ходими калони илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия Виноградова Наталия Матвеевна, профессор Масъуд Миршоҳӣ (Фаронса), профессор, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии Гродно (Беларус) Мартиненко Игор Эдуардович ва корманди Ройзании Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Худоёр, ҳамчунин намояндагони вилояту ноҳияҳои ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, воситаҳои ахбори умум, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ноҳияи Ҳисор, ҷамъулҷамъ 700 нафар иштирок намуданд.
Фарҳод Раҳимӣ — президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонон ва дигар иштирокдорони симпозиумро хайра мақдам гуфта, ба кори симпозиум оғоз бахшид. Дар ҷаласаи ифтитоҳии симпозиум бо сухани табрикотӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ бо маърӯзаҳои илмӣ Фарҳод Раҳимӣ-президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Франсис Ришар (Фаронса), номзади илми таърих, ходими калони илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия Виноградова Наталия Матвеевна, профессор Масъуд Миршоҳӣ (Фаронса), профессор, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии Гродно (Беларус) Мартиненко Игор Эдуардович ва корманди Ройзании Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Худоёр баромад намуданд. Сипас кори симпозиум дар се бахш идома ёфт ва дар онҳо зиёда аз 50 муҳаққиқи соҳаи таърих, бостоншиносӣ, фарҳанг ва адаб оид ба паҳлӯҳои гуногуни таърихи 3000-солагии Ҳисор маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ Баёнияи кори симпозиум қабул шуд, ки дар он вазифаҳои минбаъдаи муҳаққиқони тоҷик дар ҳамкорӣ бо муҳаққиқони давлатҳои хориҷӣ дар омӯзишу таҳқиқи таърихи Ҳисор ва ёдгориҳои таърихиву фарҳангии водии Ҳисор зикр гардид.
Дар ин бора аз Шуъбаи илмӣ-ташкилии Раёсати АИ ҶТ хабар доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






