Синдзо Абэ: «Бисёр хоҳишмандем, ки сатҳи муносибатҳои мо дар ҳама арсаҳои ҳамкорӣ чанд зина боло равад»
Душанбе, 24.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Нахустин ташрифи Сарвазири Япония Синдзо Абэ ба Тоҷикистон, ки имрӯз бо сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд, бо баргузории маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар назди Қасри Миллат оғоз ёфт.
Барои пешвози меҳмони олимақом майдони назди Қасри Миллат ба таври хоса омода гардида, ҷузъутомҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақом, Сарвазири Япония Синдзо Абэро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣва садо додани сурудҳои миллии ду кишвар шуруъ шуда, бо гузаштани якҷояи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Япония Синдзо Абэ аз назди ҷузъутомҳои Горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва салому дуруди меҳмони олимақом ба афсарону сарбозон ва шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Япония ва ҳам бо корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон идома ёфт.
Маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ бо расми гузашти низомии Горди фахрӣ аз назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом, Сарвазири Япония Синдзо Абэ ба поён расид.
Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судбахш нахуст дар мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Синдзо Абэ оғоз ёфт.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, Синдзо Абэро бори дигар ба муносибати аз нав ба мақоми Сарвазири Япония интихоб шуданаш табрику таҳният гуфта, изҳор дошт: “Ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд бо Япония барои Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба истиқлоли давлатӣ расиданаш аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ буд ва ҳаст”.
“Кишвари шуморо мо шарики муҳими худ медонем ва ин шарокати муътамаду озмудашудааст”.
Изҳори бовар карда шуд, ки боздиди нахустини Сарвазири Япония аз Тоҷикистон ба фаъол гардидани робитаҳои ду кишвар ва таҳкими заминаиқарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ мусоидат мекунад.
Синдзо Абэ дар навбати худ бо ишора ба мавқеи басо муҳими Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва сарҳади тулонияш бо Афғонистон ҳавасмандии Японияро ба густариши робитаҳо бо кишвари мо таъкид дошт.
Синдзо Абэ ҳамчунин изҳор дошт: «Бисёр хоҳишмандем, ки сатҳи муносибатҳои мо дар ҳама арсаҳои ҳамкорӣ чанд зина боло равад».








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






