Сиёсати амниятии Осиёи Марказӣ дар шароити таҳаввулоти геополитикӣ
Душанбе, 06.10. 2015.(АМИТ «Ховар»).- «Манфиатҳои миллӣ ва сиёсати амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити таҳаввулоти геополитикӣ»- таҳти чунин унвон имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия конфронси байналмилалии илмию амалӣ доир гардид.
«Конфронси мазкур дар доираи ҷамъбасти натиҷаҳои соли раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ гузаронида мешавад»,- гуфт директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар Худобердӣ Холиқназар зимни ифтитоҳи ҳамоиш.
Дар конфронс намояндагони кишварҳои узви СААД, коршиносони сиёсию амниятӣ, намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар ва корпуси дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, дар атрофи манфиатҳои миллӣ ва сиёсати амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити таҳаввулоти геополитикӣ ибрози назар намуданд.
Зикр шуд, ки дар сархати сиёсат ва стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Дар ин росто Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар нишасти сарони кишварҳои СААД ва Созмони хамкории Шанхай /СҲШ/ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба мавзӯоти доғи рӯз, назири таҳдидҳои замони муосир, тундравии мазҳабӣ, терроризми байналмилалӣ, қочоқи инсон, силоҳ, маводи мухаддир ҷалб намуда, муборизаи дастаҷамъонаи кишварҳои аъзои СААД ва СҲШ нисбат ба хатарҳои замони муосир ба миён гузоштаанд.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки зуҳури Давлати исломии Шому Ироқ /ДИИШ/ дар бархе аз кишварҳои Шарқи Наздик , назири Сурия ва Ироқ имрӯз аз таҳдидҳои хатарбори замони муосир на танҳо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки барои кулли кишварҳои дунё ба ҳисоб рафта. барои субот ва амнияти ҷаҳон таҳдидҳо ва хатарҳои бузургро ба бор овардааст.
Зикр шуд, ки дар чунин шароити таҳаввулоти геополитикии ҷаҳон бояд кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан Тоҷикистон, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар иртибот ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва суботу амнияти минтақа аз ҳар гуна таҳдидҳои замони муосир ҳамкории устувору густурдаро ба роҳ монанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






