Соҳибкорон дар рушди соҳаи инноватсионӣ ва технологӣ саҳми арзанда мегузоранд

Октябрь 12, 2015 12:22

Душанбе, 12.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар доираи таҷлили нахустин солгарди «Рӯзи соҳибкор» бо роҳбари ташкилоти «Бизнес-инкубатор»  Манижа Ҳаитова ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Фаъолияти ташкилоти «Бизнес-инкубатор» ба кадом самтҳо нигаронида шудааст?

Манижа Ҳаитова: Ширкати мо барои соҳибкорони ҷавон таъсис дода шуда, баҳри расонидани кумак ба соҳибкорони ҷавон дар ташкил кардани тиҷорати онҳо нигаронида шудааст. Маълум аст, ки соҳибкорони ҷавон дар дастрас кардани маблағ барои кушодани тиҷорати худ мушкилӣ мекашанд. Ширкати «Бизнес-инкубатор» бо чунин соҳибкорон машғулиятҳои омӯзишӣ мегузаронад, ба онҳо машваратҳо медиҳад ва ҳамчунин дар дастрас кардани маблағ ва ё пайдо кардани маблағгузор ёрӣ мерасонад.

АМИТ «Ховар»: Ташкилоти Шумо ба чӣ қадар соҳибкорони ҷавон кумак расонидааст?

Манижа Ҳаитова: Ташкилоти «Бизнес-инкубатор» аз моҳи апрели соли 2015 бо дастгирии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба фаъолият шурӯъ кардааст. Дар ин муддати кутоҳ мо ба зиёда аз 200 соҳибкори ҷавон машварати ҳуқуқӣ дода, машғулиятҳои омӯзишӣ баргузор кардем. Ҳоло дар заминаи ташкилоти мо соҳибкорони ҷавон 4 корхонаи нав бунёд карда, фаъолияти худро давом дода истодаанд.

АМИТ «Ховар»: Ин корхонаҳо дар кадом бахшҳо фаъолият мекунанд?

Манижа Ҳаитова: Корхонаҳое, ки бо дастгирии ширкати мо ба фаъолият шурӯъ карданд, асосан дар соҳаи технологияҳои нав машғул ҳастанд. Бояд гӯям, ки худи мафҳуми «Бизнес-инкубатор» фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи технологӣ-инноватсиониро ифода мекунад. Фаъолияти технологӣ-инноватсионӣ барои ташкили корхонаҳо ва технологияҳои навин равона шудааст. Ин лоиҳае мебошад, ки барои рушди иқтисоди Тоҷикистон ёрии амалӣ мерасонад. Барои ҳамин самти фаъолияти ин корхонаҳо барои аз худ кардани технологияи нав равона шудааст.

АМИТ «Ховар»: Ташкилоти Шумо фақат дар ҳудуди пойтахт фаъолият мекунад?

Манижа Ҳаитова: Ҳоло ташкилоти мо дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият дорад, вале ба «Бизнес-инкубатор» аллакай соҳибкорон аз шаҳрҳои Ваҳдату Қурғонтеппа барои гирифтани машварат муроҷиат кардаанд ва мо ҳатман ба онҳо кумакҳои худро мерасонем.

АМИТ «Ховар»: Вақте ки тасмими ифтитоҳ кардани «Бизнес-инкубатор»-ро гирифтед, пеши худ чӣ мақсаду ҳадафҳо доштед ва оё ба ҳадафу мақсадҳои гузошташуда расидед?

Манижа Ҳаитова: Бояд гӯям, ки се сол пеш корхонаи худамро бо номи «Адад» кушода будам. Ин ширкат дар бахши технологияҳои нав кор мекунад. Он вақт мо ҳамагӣ як барнома доштем, имрӯз зиёда аз 40 барномаро таҳия ва иҷро кардем. Се сол пеш корхонаи «Адад» ҳамагӣ ду коргар дошт, ҳоло шумораи коргарони мо зиёда аз 20 нафар мебошанд. Вақте ки ин тиҷоратро ташкил кардам, дарк кардам, ки метавонам ба дигар соҳибкорон дар пешбурди тиҷораташон ёрии амалӣ расонам. Ҳамин буд мақсад аз ташкил кардани ташкилоти «Бизнес-инкубатор» ва ман аз он хурсандам, ки ба дигарон дар кори роҳандозии  тиҷораташон кумак расонидам.

АМИТ «Ховар»: Шумо, ки роҳи мушкилро интихоб кардед, бо назардошти таҷрибаи худ бигӯед, ки оё ҳар шахсе шавқу завқ ва ирода дорад, метавонад дар фазои соҳибкории мамлакат мавқеи худро пайдо кунад ва устуворона дар майдони соҳибкорӣ қадам занад?

Манижа Ҳаитова: Албатта, ҳар шахсе, ки дар сар фикри ободии Ватан дорад, ҳар шахсе, ки фикри таъмини худу оилаи худро дорад, фикри ҷомеаро мекунад ва он шахсе, ки ирода ва хоҳиш дошта бошад, ҳатман метавонад ба мақсаду ҳадафи гузоштаи худ бирасад. Барои ин ҳукумати мамлакат имкониятҳоро фароҳам сохтааст. Инчунин  ширкати «Бизнес-инкубатор» омодааст  ба ин гуна шахсон кумаки амалӣ расонад.

АМИТ «Ховар»:  Гуфтед, ки ба соҳибкорони ҷавон машваратҳо медиҳем. Ин машваратҳо ройгон ҳастанд?

Манижа Ҳаитова: Бале, машваратҳо ройгон мебошанд.

АМИТ «Ховар»: Вақте ба таъсиси ташкилоти «Бизнес-инкубатор» даст задед, умед доштед, ки муваффақ мешавед? Дастгирии давлатро эҳсос мекардед ва ин дастгирӣ дар куҷо эҳсос мешавад?

Манижа Ҳаитова: Бале, ман бевосита дастгирии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро дар фаъолияти худ эҳсос мекунам. Мо бо кумита мунтазам ҳамкорӣ мекунем, машваратҳо мегузаронем ва агарчӣ кумакҳои молӣ кам бошанд ҳам, дастгириву мусоидат карданҳои кумитаро мо эҳсос мекунем. Кумита моро дар  форуму конфронсҳо ва семинару мизҳои мудаввар даъват мекунад, ки ин ҳам як навъи дастгирӣ мебошад.

АМИТ «Ховар»: Нақшаҳои шумо дар оянда чӣ гунаанд?

Манижа Ҳаитова: Мехоҳем, ки якчанд корхонаи технологӣ дар Тоҷикистон бунёд кунем. Мо Ассотсиатсияи «Соҳибкорӣ ва инноватсионӣ» кушодем, ки 5 корхонаи калон узви ин ассотсиатсия мебошанд. Ин корхонаҳо дар рушди инноватсия ва технологияҳои нав дар Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд. Мо мехоҳем ҳамаи ин корхонаҳоро муттаҳид созем.
Аз фурсат истифода бурда, мехоҳам ба воситаи минбари шумо ба соҳибкорони ҷавон муроҷиат кунам, ки мо омода ҳастем дар ташкили тиҷорати онҳо кумакҳои амалии худро расонем.

Октябрь 12, 2015 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад